Skip to content
Opens in a new window

[1] Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Инак, ту нозанин ҳастӣ! Чашмонат аз пушти бурқаи ту мисли чашмони кабӯтар аст; мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест, ки аз кӯҳи Ҷилъод мавҷзанон фурӯд меоянд.

[2] Дандонҳоят мисли рамаи мешҳои пашмбуридаест, ки аз шустан баромадаанд, ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд, ва нуқсоне дар онҳо нест.

[3] Лабҳоят мисли риштаи қирмизӣ аст, ва даҳонат зебост; рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту мисли нимаҳои анор аст.

[4] Гарданат мисли бурҷи Довуд аст, ки барои кӯрхона бино ёфтааст; ҳазор сипар, — ҳамаи сипарҳои паҳлавонон, — бар он овезон аст.

[5] Ду пистонат мисли ду оҳубараи экизаки модаоҳу мебошад, ки дар миёни савсанҳо мечаранд.

[6] То вақте ки субҳ бидамад, ва сояҳо бигрезад, ба кӯҳи мур ва ба тали лодан хоҳам рафт.

[7] Ту сар то по нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Ва нуқсоне дар ту нест.

[8] Аз Лубнон бо ман, эй арӯс, аз Лубнон бо ман биё! Аз қуллаи Амона, аз қуллаи Сенир ва Ҳермӯн, аз лонаҳои шерон, аз кӯҳҳои баброн назар андоз.

[9] Дили маро рабудаӣ, эй хоҳар ва арӯси ман! Бо як нигоҳи чашмони худ, бо як тавқе ки бар гардани туст, дили маро рабудаӣ.

[10] Чӣ хуш аст ишқбозиҳои ту, эй хоҳар ва арӯси ман! Чӣ хубтар аст ишқбозиҳои ту аз шароб, ва роиҳаи равғанҳои атрафшони ту аз тамоми атриёт!

[11] Аз лабҳоят шаҳд мечакад, эй арӯс! Асал ва шир дар таҳти забони туст, ва роиҳаи пероҳанат мисли роиҳаи Лубнон аст.

[12] Хоҳар ва арӯси ман боғи дарбаста, чашмаи қуфлкарда, манбаи мӯҳрзада мебошад.

[13] Ниҳолҳоят фирдавси анорҳост бо дарахтони меваи хуштаъм; гулҳои ҳиност бо сунбулҳо;

[14] Сунбул ва заъфар, наи атрогин ва дорчин аст бо ҳар навъ дарахтони лодан; мур ва уд аст бо ҳар гуна атриёти сара.

[15] Чашмаи боғот ва чоҳи оби зинда аст, ки аз Лубнон ҷорист.

[16] Эй боди шимолӣ, бархез! В‐эй боди ҷанубӣ, биё! Бар боғи ман биваз, то ки атрҳояш паҳн шавад, маҳбуби ман ба боғи худ биёяд ва меваҳои хуштаъми худро бихӯрад.

Китоби Суруди Сурудҳо — Chapters