[1] Маҳбуби ту куҷо рафтааст, эй нозанинтарини занон? Маҳбуби ту ба куҷо рӯ овардааст? Ӯро бо ту ҷустуҷӯ хоҳем кард.
[2] Маҳбуби ман ба боғи худ, ба пуштаҳои райҳон фурӯд омадааст, то ки дар боғот бичаронад ва савсанҳо бичинад.
[3] Ман аз они маҳбуби худ ҳастам, ва маҳбуби ман аз они ман аст; ӯ дар миёни савсанҳо мечаронад.
[4] Эй ёри ман! Ту мисли Тирсо нозанин, мисли Ерусалим зебо ва мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин ҳастӣ.
[5] Чашмонатро аз ман дур соз, чунки онҳо маро ба ҳаяҷон меоваранд; мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест, ки аз Ҷилъод мавҷмонанд фурӯд меоянд.
[6] Дандонҳоят мисли рамаи мешҳоест, ки аз шустан баромадаанд, ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд, ва нуқсоне дар онҳо нест.
[7] Рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту мисли нимаҳои анор аст.
[8] Агарчи шаст нафар маликаҳо ва ҳаштод нафар сурриягон ҳастанд, ва дӯшизагон сону шумор надоранд,
[9] Лекин кабӯтари ман, покизаи ман ягона аст: ӯ ягонаи модари худ, мумтози волидаи худ мебошад. Духтарон ӯро диданд ва ҳамду сано ба ӯ хонданд, маликаҳо ва сурриягон ӯро ситоиш карданд.
[10] «Ин кист, ки мисли шафақи субҳ дурахшон аст, мисли моҳ нозанин аст, мисли офтоб тобон аст, мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин аст?»
[11] Ба боғи чормағз фурӯд омадам, то ки сабзазори водиро тамошо кунам, то бубинам, ки оё ток гул кардааст, ва оё анор муғҷа кушодааст?
[12] Надонистам, ки ҷони ман чӣ гуна маро ба аробаҳои наҷибони қавми ман ҷазб намуд.