[1] Суруди сурудҳо, ки аз они Сулаймон аст.
[2] Кошки маро бо бӯсаҳои даҳони худ бибӯсад! Зеро ки ишқбозиҳои ту аз шароб хубтар аст.
[3] Равғанҳои атрафшони ту барои бӯидан хуб аст; исми ту мисли равғани атрафшони рехта мебошад; бинобар ин дӯшизагон туро дӯст медоранд.
[4] Маро аз қафои худ бикаш, то ки бидавем, — подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ овард, — аз ту ба ваҷд оем ва шодӣ кунем, ишқбозиҳои туро бештар аз шароб ситоиш намоем. Туро сазоворона дӯст медоранд.
[5] Эй духтарони Ерусалим! Ман сиёҳ ҳастам, вале зебо, мисли хаймаҳои Қедор, мисли пардаҳои Сулаймон.
[6] Ба он нигоҳ накунед, ки ман сиёҳтоб ҳастам, зеро ки офтоб маро сӯзонд: писарони модарам ба ман хашм гирифтанд, маро дидбони токзорҳо карданд; лекин токзори худро натавонистам дидбонӣ намоям.
[7] Эй он ки ҷонам туро дӯст медорад! Ба ман бигӯй, ки дар куҷо мечаронӣ? Пешингоҳон рамаро куҷо мехобонӣ? Чаро назди рамаҳои рафиқони ту мисли зани гумроҳе бошам?
[8] Эй нозанинтарини занон! Агар надонӣ, аз паи рама берун ой, ва бузғолаҳоятро назди масканҳои чӯпонон бичарон.
[9] Эй ёри ман! Туро ба аспе ки дар аробаи фиръавн аст, монанд кардам.
[10] Чӣ зебост рухсорҳои ту дар миёни зеварҳо, гардани ту бо гарданбанд!
[11] Шилшилаҳои тилло бо пулакчаҳои нуқра барои ту хоҳем сохт.
[12] То вақте ки подшоҳ бар нишемангоҳи худ буд, сунбули ман роиҳаи худро медод.
[13] Маҳбуби ман барои ман таблаи мур аст, ки дар миёни пистонҳоям мехобад.
[14] Маҳбуби ман барои ман шингили гули ҳиност, ки дар токзорҳои Айн‐Ҷадӣ месабзад.
[15] Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Инак, ту нозанин ҳастӣ! Чашмонат мисли чашмони кабӯтар аст.
[16] Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй маҳбуби ман! Низ дилпазир ҳастӣ; низ ҳаҷлаи мо сабзу хуррам аст.
[17] Болорҳои хонаи мо арзҳост; вассаҳои мо сарвҳост.