[1] Баргард, баргард, эй Шуламит! Баргард, баргард, то ки ба ту назар кунем. Ба Шуламит чӣ назар мекунед, вақте ки ӯ дар миёни ду лашкаргоҳ мерақсад?
[2] Чӣ зебост пойҳоят дар кафшҳо, эй духтари наҷиб! Суринҳоят мисли зеварҳост, ки амали дастҳои санъатгар аст.
[3] Нофат косаи мудаввар аст, ки шароби дорувордор дар он камӣ намекунад. Батнат хирмани гандум аст, ки бо савсанҳо ороиш ёфтааст.
[4] Ду пистонат мисли ду оҳубараи экизаки модаоҳу мебошад.
[5] Гарданат мисли бурҷи оҷ аст; чашмонат мисли ҳавзҳои Ҳешбӯн дар назди дарвозаи Батрабим аст; биниат мисли бурҷи Лубнон аст, ки ба сӯи Димишқ нигаронида шудааст.
[6] Сарат бар ту мисли Кармил аст, ва кокули сарат мисли арғувон аст; подшоҳ ба турраҳояш гирифтор шудааст.
[7] Чӣ нозанин ҳастӣ ва чӣ дилпазир, эй маҳбуба, дар ҳаловатҳо!
[8] Ин қоматат ба нахл монанд аст, ва пистонҳоят — ба шингилҳои меваи он.
[9] Гуфтам, ки бар нахл баромада, навдаҳояшро нигоҳ хоҳам дошт; ва пистонҳоят мисли шингилҳои ангур хоҳад буд, ва роиҳаи нафасат — мисли себҳо,
[10] Ва даҳонат — мисли шароби ноб. Он ба гулӯи маҳбуби ман бемалол фурӯ меравад, лабҳои хуфтагонро ба ҳаракат меоварад.
[11] Ман аз они маҳбуби худ ҳастам, ва иштиёқи ӯ бар ман аст.
[12] Биё, эй маҳбуби ман, ба сайри саҳро бароем, дар деҳот шаб гузаронем,
[13] Бомдодон ба токзорҳо биравем: бубинем, ки оё ток гул карда, ғӯра бастааст ва оё анорҳо муғҷа кушодааст? Дар он ҷо ишқбозиҳоямро ба ту хоҳам бахшид.
[14] Роиҳаи меҳргиёҳҳо меояд, ва назди дарҳои мо ҳар навъ меваҳои хуштаъми тару тоза ва кӯҳна мавҷуд аст: онҳоро барои ту, эй маҳбуби ман, саришта кардаам.