[1] Шабонгоҳ бар бистари худ ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ кардам; ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам.
[2] Пас, бархоста, дар шаҳр, дар кӯчаҳо ва майдонҳо гардиш мекунам; ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ мекунам; ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам.
[3] Посбонҳое ки дар шаҳр гаштугузор мекунанд, маро ёфтанд. «Оё ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, дидаед?»
[4] Навакак аз пеши онҳо гузашта будам, ки ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ёфтам; ӯро дошта гирифтам, ва ӯро сар надодам, то вақте ки ӯро ба ҳавлии модари худ ва ба ҳуҷраи волидаи худ овардам.
[5] Эй духтарони Ерусалим! Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам, ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад, бедор накунед ва аз хоб нахезонед.
[6] Ин кист, ки аз биёбон мисли сутунҳои дуд сууд менамояд, ва аз бухури мур ва лодан ва ҳар навъ хокаи атрафшони резаворфурӯш муаттар шудааст?
[7] Инак тахти равони Сулаймон! Шаст нафар паҳлавонон дар гирди он, аз паҳлавонони Исроил.
[8] Ҳамаи онҳо шамшердор ва ҷангозмуда мебошанд; шамшери ҳар яке, аз бими шаб, бар рони ӯст.
[9] Сулаймони подшоҳ тахти равоне барои худ аз дарахтони Лубнон сохтааст;
[10] Сутунҳои онро аз нуқра, соябони онро аз тилло, нишемангоҳи онро аз арғувон сохтааст; даруни он бо муҳаббати духтарони Ерусалим ороиш ёфтааст.
[11] Эй духтарони Сион! Берун оед ва Сулаймони подшоҳро бубинед, бо тоҷе ки модараш дар рӯзи тӯи арӯсии ӯ, ва дар рӯзи шодмонии дили ӯ бар сари ӯ ниҳодааст.