[1] Ва Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор, пеш аз он ки айёми бадӣ биёяд, ва солҳое фаро расад, ки ту бигӯӣ: «Маро аз онҳо ҳаловате нест»;
[2] Пеш аз он ки офтоб ва рӯшноӣ ва моҳ ва ситорагон торик шаванд, ва баъд аз борон абрҳо баргардад; —
[3] Дар рӯзе ки посбонҳои хона биларзанд, ва соҳибони қувват хам шаванд; ва дастоскунандагон дигар ос накунанд, чунки кам мондаанд; ва онҳое ки аз паси панҷараҳо нигоҳ мекунанд, хира шаванд;
[4] Ва дарҳои кӯча баста шавад, дар сурате ки садои осиё кам шунида шавад, ва аз овози гунҷишк кас бедор шавад, вале ҳамаи савтҳои суруд хомӯш гардад;
[5] Аз баландӣ низ битарсанд ва дар роҳ хавотир кашанд; ва бодом шукуфта сафедпӯш шавад; ва малахе гаронӣ кунад; ва иштиҳо кӯр шавад. Ба ҳамин тариқ одамизод ба хонаи ҷовидонии худ меравад, ва дар кӯча навҳагарон гирд мегарданд;
[6] Пеш аз он ки занҷири нуқра канда шавад, ва косаи тилло бишканад, ва кӯзаи сари чоҳ бикафад, ва чарх пора шуда дар чоҳ афтад;
[7] Ва хок бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад.
[8] «Ҳеҷу пуч аст, — гуфт Воиз, — ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!»
[9] Ба замми он ки Воиз хирадманд буд, боз донишро ба қавм омӯхт, ва тадқиқу тафтиш намуда, масалҳои зиёде тартиб дод.
[10] Воиз саъй намуд, ки суханони дилписанд пайдо кунад, ва суханони ростиро ӯ аз самими қалб навишт.
[11] Суханони хирадмандон мисли халачӯбҳост ва мисли мехҳоест, ки сахт кӯфта шуда бошад; муаллифони маҷмӯаҳо аз ҷониби як чӯпонанд.
[12] Ва он чи зиёда аз инҳост, эй писарам, аз он эҳтиёт намо: сохтани китобҳои бисьёр интиҳо надорад, ва тааммуқи бисьёр азияти ҷисм аст.
[13] Хулосаи суханон комилан фаҳмост: аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо, чунки ҳама чиз барои одамизод аз ҳамин иборат аст;
[14] Зеро ки ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард, ҳар амали ниҳониро низ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад.