Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар бораи Мӯоб Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Эй вой бар Набӯ! Зеро ки он валангор шудааст; Қирьётаим расво шуда, забт гардидааст; қалъа расво шуда, шикаст хӯрдааст.

[2] Ҷалоли Мӯоб дигар вуҷуд надорад; дар Ҳешбӯн дар ҳаққи он бадиҳо андешидаанд: „Биравем ва онро маҳв намоем, то ки дигар халқ набошад“. Ту низ, эй Мадмен, мотам хоҳӣ гирифт: шамшер туро таъқиб хоҳад кард.

[3] Садои нола аз Ҳӯрӯнаим ба гӯш мерасад: „Тороҷ ва шикасти азиме рӯй додааст“.

[4] Мӯоб ба шикаст дучор шудааст; ҷавонони он доду фарьёд мекунанд.

[5] Ба фарози Луҳит гирьякунон мебароянд, ва дар фуромадгоҳи Ҳӯрӯнаим душманон фиғони шикастро мешунаванд.

[6] Бигрезед, ҷонҳои худро халос кунед, то ки онҳо мисли дарахти аръар дар бодия бошанд.

[7] Азбаски ту ба аъмоли худ ва ба ганҷҳои худ таваккал кардӣ, ту низ забт хоҳӣ шуд, ва Камӯш бо якҷоягии коҳинон ва мирони худ ба асирӣ хоҳад рафт.

[8] Ва тороҷгар ба ҳар шаҳр хоҳад омад, ва ҳеҷ шаҳр раҳо нахоҳад шуд; ва водӣ ба ҳалокат хоҳад расид, ва дашт валангор хоҳад шуд, чунон ки Худованд гуфтааст.

[9] Болҳо ба Мӯоб диҳед, то ки парида равад; шаҳрҳои он ба биёбон мубаддал хоҳад шуд, ва касе набошад, ки дар онҳо сокин шавад.

[10] Малъун бод касе ки кори Худовандро мусоҳилакорона ба ҷо оварад, ва малъун бод касе ки шамшери худро аз хунрезӣ нигоҳ дорад!

[11] Мӯоб аз ҷавонии худ осудаҳол буд, ва бар дурди худ менишаст, ва аз зарфе ба зарфе рехта нашудааст, ва ба асирӣ нарафтааст; бинобар ин таъмаш дар он мондааст, ва накҳаташ тағьир наёфтааст.

[12] Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ва Ман резандагонро мефиристам, ки ӯро бирезанд, ва онҳо зарфҳои ӯро холӣ карда, машкҳояшро пора‐пора хоҳанд намуд.

[13] Ва Мӯоб аз боиси Камӯш хиҷил хоҳад шуд, чунон ки хонадони Исроил аз боиси Байт‐Ил, ки пушту паноҳашон буд, хиҷил шудаанд.

[14] Чӣ гуна шумо мегӯед: „Мо баҳодурон ва ҷанговарон барои корзор ҳастем“?

[15] Мӯоб гирифтори тороҷ гардида, ба шаҳрҳояш душман баромадааст, ва гузини ҷавононаш ба қатлгоҳ фуромадаанд, — мегӯяд Подшоҳ, ки исмаш Худованди лашкарҳост.

[16] Фаро расидани ҳалокати Мӯоб наздик аст, ва мусибаташ бағоят мешитобад.

[17] Ба ҳоли ӯ таассуф намоед, эй ҳамаи ҳамсоягони ӯ ва ҳамаи онҳое ки номи ӯро медонед! Бигӯед: „Асои қудрат ва чӯбдасти шавкат чӣ гуна шикаст хӯрдааст!“

[18] Аз курсии кибриёи худ фурӯд омада, дар саҳрои хушк бинишин, эй духтари сокинаи Дибӯн! Зеро ки тороҷгари Мӯоб бар зидди ту бархостааст ва қалъаҳои туро хароб мекунад.

[19] Дар сари роҳ биист ва бингар, эй сокинаи Арӯэр! Аз онҳое ки барои наҷот ёфтан рӯ ба гурез овардаанд, пурсуҷӯ намо ва бигӯй: „Чӣ воқеае рӯй додааст?“

[20] Мӯоб шармсор шудааст, зеро ки торумор гардидааст; навҳа кунед ва фиғон кашед, дар Арнӯн эълон намоед, ки Мӯоб толону тороҷ шудааст.

[21] Ва доварӣ бар замини даштрӯя расидааст, бар Ҳӯлӯн ва Яҳсо ва Мефоат,

[22] Ва бар Дибӯн ва Набӯ ва Байт‐Диблотаим,

[23] Ва бар Қирьётаим ва Байт‐Ҷомул ва Байт‐Меӯн,

[24] Ва бар Қрийӯт ва Басра, ва бар ҳамаи шаҳрҳои дур ва наздики замини Мӯоб.

[25] Шохи Мӯоб бурида шудааст, ва бозуи он шикастааст, — мегӯяд Худованд.

[26] Ӯро маст кунед, зеро ки ӯ пеши Худованд такаббур намудааст, ва бигзор Мӯоб дар қаи худ ғӯта занад, ва ӯ низ хандазор шавад.

[27] Оё Исроил барои ту хандазор нашуда буд? Оё вай дар миёни дуздон ёфт шуда буд, ки ҳар бор ту дар бораи вай сухан мерондӣ, бо нафрат калла меҷунбондӣ?

[28] Шаҳрҳоро тарк карда, дар сахра сокин шавед, эй сокинони Мӯоб, ва мисли кабӯтаре бошед, ки дар лаби ҷар лона месозад.

[29] Мо дар бораи ғурури Мӯоб, ки бисьёр мағрур аст, дар бораи кибри ӯ ва ғурури ӯ ва калонигарии ӯ ва ҳавобаландии ӯ шунидаем.

[30] Ман густохии ӯро медонам, — мегӯяд Худованд, — ва суханони ӯ нодуруст аст: онҳо нодуруст амал кардаанд.

[31] Бинобар ин дар ҳаққи Мӯоб навҳа хоҳам кард, ва барои тамоми Мӯоб фиғон хоҳам кашид; барои мардони Қир‐Ҳерес оҳу воҳ хоҳанд кард.

[32] Барои ту, эй токи Сибмо, бештар аз гирьяи Яъзир хоҳам гирист; шохаҳои ту то баҳр паҳн шуда, ба кӯли Яъзир расида буд; тороҷгар бар меваҳои тобистонӣ ва бар ҳосили ангури ту ҳуҷум овардааст.

[33] Шодӣ ва хурсандӣ аз боғистон ва аз замини Мӯоб барҳам хӯрдааст; ва Ман шаробро аз чархуштҳо нест кардаам; касе ангурро бо гулбонги сурур пахш нахоҳад кард: гулбонге ки барояд, гулбонги сурур нахоҳад буд.

[34] Аз фиғони Ҳешбӯн, ки то Элъола мерасад, овози худро то Яҳас баланд хоҳанд кард, ва аз Сӯар то Ҳӯрӯнаим, ки Эглат Шлишиё мебошад, зеро ки обҳои Нимрим низ хушк хоҳад шуд.

[35] Ва Ман дар Мӯоб, — мегӯяд Худованд, — ҳар киро, ки бар минбарҳо қурбонӣ меоварад ва барои худоёни худ бухур месӯзонад, нест хоҳам кард.

[36] Бинобар ин дили ман барои Мӯоб мисли най оҳу воҳ мекунад, ва дили ман барои мардони Қир‐Ҳерес мисли най оҳу воҳ мекунад, чунки сарвате ки онҳо андӯхта буданд, талаф шудааст.

[37] Зеро ки ҳар калла бемӯй ва ҳар риш тарошида шудааст, ва ҳамаи дастҳо харошида ва бар камарҳо палос баста шудааст.

[38] Бар ҳамаи бомҳои Мӯоб ва дар кӯчаҳои он саросар навҳахонист, зеро ки Ман Мӯобро мисли зарфи нодаркоре шикастаам, — мегӯяд Худованд.

[39] Чӣ гуна вай торумор шудааст! Барои вай навҳа кунед! Чӣ сон Мӯоб пушт гардонда, шармсор шудааст! Ва Мӯоб барои ҳамаи атрофиёнаш хандахариш ва даҳшат гардидааст».

[40] Зеро Худованд чунин мегӯяд: «Инак, ӯ мисли уқоб ҳамла оварда, болҳои худро бар Мӯоб паҳн хоҳад кард.

[41] Шаҳрҳо забт ва қалъаҳо мусаххар карда хоҳад шуд, ва дили баҳодурони Мӯоб дар он рӯз мисли дили зане ки азоби зоиш дошта бошад, хоҳад шуд.

[42] Ва Мӯоб барҳам хӯрда, дигар қавм нахоҳад буд, зеро ки пеши Худованд такаббур намудааст.

[43] Тарс ва чоҳ ва дом барои туст, эй сокини Мӯоб, — мегӯяд Худованд.

[44] Он ки аз тарс бигрезад, дар чоҳ хоҳад афтод, ва он ки аз чоҳ барояд, гирифтори дом хоҳад шуд, зеро Ман бар вай, бар Мӯоб соли ҷазои онҳоро хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.

[45] Гурезаҳои бемаҷол дар сояи Ҳешбӯн бозъистодаанд, зеро ки оташ аз Ҳешбӯн, ва аланга аз миёни Сиҳӯн берун омадааст, ва чаккаи Мӯоб ва фарқи сари ғавғокунандагонро хоҳад хӯрд.

[46] Вой бар ту, эй Мӯоб! Қавми Камӯш талаф шудаанд, зеро ки писарони ту ба асирӣ гирифта шудаанд, ва духтарони ту гирифтори асорат гардидаанд.

[47] Вале дар рӯзҳои охир Ман асирони Мӯобро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд». — Доварӣ дар бораи Мӯоб то ин ҷост.

Китоби Ирмиёи Набӣ — Chapters