[1] Каломеро, ки Худованд ба шумо, эй хонадони Исроил, мегӯяд, бишнавед.
[2] Худованд чунин мегӯяд: «Роҳи халқҳоро таълим нагиред ва аз аломоти осмон натарсед, чунон ки халқҳо аз онҳо метарсанд;
[3] Зеро ки фароизи қавмон ҳеҷу пуч аст: дарахте аз ҷангал мебурранд, ки онро дасти наҷҷор бо тешае метарошад,
[4] Бо нуқра ва тилло онро зинат медиҳад, бо мехҳо ва болға мустаҳкам мекунад, то ки ноҷунбон бошад.
[5] Онҳо мисли хӯсае дар полиз мебошанд, ва наметавонанд сухан ронанд; онҳоро бардошта бурдан лозим аст, чунки наметавонанд қадам зананд. Аз онҳо натарсед, зеро ки наметавонанд осебе расонанд, валекин некӣ кардан ҳам аз дасташон намеояд».
[6] Монанди Ту, эй Худованд, нест! Ту бузург ҳастӣ, ва исми Ту дар қудрат бузург аст.
[7] Кист, ки аз Ту, эй Подшоҳи халқҳо, натарсад? Зеро ки Ту сазовори ин ҳастӣ; чунки дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо ва дар тамоми мамоликашон монанди Ту нест.
[8] Онҳо аз як сар ҷоҳил ва беақл мебошанд; таълимоташон ҳеҷу пуч аст: аз ғӯлачӯб иборат аст.
[9] Нуқраи тахтагӣ аз Таршиш оварда шудааст, ва тилло — аз Уфоз; маснӯи наҷҷор ва амали дасти заргар аст; матои лоҷвард ва арғувон либоси онҳост; ҳамаи онҳо маснӯоти ҳунармандон аст.
[10] Вале Худованд Худои ростист; Ӯ Худои Ҳай ва Подшоҳи ҷовидонист; аз ғазаби Ӯ замин ба ларза меояд, ва халқҳо ба каҳри Ӯ наметавонанд тоб оваранд.
[11] Ба онҳо чунин бигӯед: худоёне ки осмон ва заминро наофаридаанд, аз рӯи замин ва аз зери осмон нест хоҳанд шуд.
[12] Ӯ заминро бо қуввати Худ офарид, дуньёро бо ҳикмати Худ барқарор намуд, ва осмонро бо хиради Худ густаронид.
[13] Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозад, ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад, барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад, ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.
[14] Ҳар одам аз ақл бегона, ва ҳар заргар аз санаме ки сохтааст, шармсор хоҳад шуд, зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст, ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест.
[15] Онҳо ҳеҷу пуч аст, амали фиребгарист; чун ба доварӣ дучор оянд, нест хоҳанд шуд.
[16] Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест, зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст, ва Исроил сибти мероси Ӯст; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.
[17] Эй, ки дар муҳосира нишастаӣ, бору буди худро аз замин бардор,
[18] Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман ҳамин дафъа сокинони ин заминро дур хоҳам андохт, ва онҳоро ба танг хоҳам овард, то ки фаҳм кунанд».
[19] Вой бар ман дар ин шикасти ман! Ҷароҳати ман сахт аст; вале ман гумон карда будам, ки ин фақат нотобист, ва ман онро паси сар хоҳам кард.
[20] Хаймаи ман хароб гардид, ва ҳамаи танобҳоям канда шуд; писаронам аз пеши ман рафтанд, ва онҳо нестанд: дигар касе нест, ки хаймаи маро бигустаронад ва пардаҳои маро биовезад;
[21] Зеро ки чӯпонон аз ақл бегона шуданд, ва Худовандро ҷустуҷӯ накарданд, бинобар ин муваффақият наёфтанд, ва тамоми рамаи онҳо пароканда шуд.
[22] Инак, овозае ба гӯш мерасад, ва ғулғулаи азиме аз кишвари шимолӣ, то ки шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон, ба маъвои шағолон мубаддал намояд.
[23] Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд.
[24] Маро, эй Худованд, ҷазо бидеҳ, аммо аз рӯи инсоф, на аз рӯи ғазаби Худ: мабодо маро кам кунӣ.
[25] Ғазаби Худро бар халқҳое бирез, ки Туро намешиносанд, ва бар қабилаҳое ки исми Туро намехонанд; зеро ки онҳо Яъқубро хӯрдаанд, ва ӯро хӯрда, талаф намудаанд, ва манзили ӯро хароб кардаанд.