[1] Худованд чунин гуфт: «Ба хонаи подшоҳи Яҳудо фурӯд ой ва дар он ҷо ин каломро ба забон бирон,
[2] Ва бигӯй: каломи Худовандро бишнав, эй подшоҳи Яҳудо, ки бар тахти Довуд нишастаӣ, — ту, ва бандагони ту, ва қавми ту, ки ба ин дарвоза дохил мешаванд.
[3] Худованд чунин мегӯяд: адолат ва инсофро ба амал оваред ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; ва ғариб, ятим ва беваро озор надиҳед ва зулм накунед, ва хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед.
[4] Зеро агар шумо ин каломро ҳақиқатан ба ҷо оваред, он гоҳ подшоҳоне ки бар тахти Довуд менишинанд ва бар аробаҳо ва аспон савор мешаванд, — худашон, ва бандагонашон, ва қавмашон, — ба дарвозаи ин хона дохил хоҳанд шуд.
[5] Вале агар шумо ин суханонро нашнавед, ба Зоти Худ қасам мехӯрам, — мегӯяд Худованд, — ки ин хона ба харобазор мубаддал хоҳад шуд.
[6] Зеро ки Худованд дар бораи хонаи подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: ту барои Ман Ҷилъод ва қуллаи Лубнон будӣ, аммо ба яқин туро биёбоне мисли шаҳрҳои ғайримаскун хоҳам гардонид,
[7] Ва бар зидди ту харобкунандагонро, ки ҳар яке бо олоти худ бошад, тақдис хоҳам намуд, ва онҳо арзҳои гузини туро бурида, дар оташ хоҳанд андохт.
[8] Ва халқҳои бисьёр аз ин шаҳр хоҳанд гузашт ва ба якдигар хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин шаҳри бузург чунин кардааст?“
[9] Ва дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб, ки аҳди Худованд Худои худро тарк кардаанд, ва ба худоёни дигар саҷда ва ибодат намудаанд“».
[10] Барои мурда гирья накунед ва барои ӯ мотам нагиред, балки барои касе ки меравад, зор‐зор бигирьед, зеро ки ӯ дигар нахоҳад баргашт ва замини зодгоҳи худро нахоҳад дид.
[11] Зеро Худованд дар бораи Шаллум ибни Йӯшиё, подшоҳи Яҳудо, ки ба ҷои падараш Йӯшиё подшоҳ шуда, аз он макон берун рафтааст, чунин мегӯяд: «Ӯ дигар ба он ҷо нахоҳад баргашт,
[12] Балки дар маконе ки ӯро ба асирӣ бурдаанд, хоҳад мурд ва ин заминро дигар нахоҳад дид».
[13] «Вой бар касе ки хонаи худро ба ноинсофӣ, ва болохонаҳояшро ба беадолатӣ бино мекунад: ёри худро муфт кор фармуда, музди варо намедиҳад,
[14] Ва мегӯяд: „Барои худ хонаи калон ва болохонаҳои фарох бино мекунам“, — ва тирезаҳо барои худ мекушояд, ва онҳоро бо чӯби арз рӯйбаст менамояд ва бо шангарф ранг мекунад.
[15] Оё ба он сабаб, ки аз арз биноҳо месозӣ, ту подшоҳӣ хоҳӣ кард? Падарат, охир, мехӯрд ва менӯшид, вале адолат ва инсофро риоя менамуд, бинобар ин аҳволаш хуб буд.
[16] Ӯ ба мискин ва бенаво додрасӣ мекард, бинобар ин аҳволаш хуб буд. Маҳз ҳамин аст шинохтани Ман, — мегӯяд Худованд.
[17] Аммо чашмони ту ва дили ту фақат ба тамаъкорӣ, ва ба рехтани хуни бегуноҳон, ва ба зулму ситам кардан нигаронида шудааст».
[18] Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: «Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард: „Эй вой бародарам!“ ва „Эй вой хоҳарам!“ Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард: „Эй вой оғо!“ ва „Эй вой кибриё!“
[19] Мисли дафни хар мадфун хоҳад шуд: ҷасадашро кашида бароварда, дуртар аз дарвозаи Ерусалим хоҳанд партофт».
[20] «Бар Лубнон баромада, фарьёд зан, ва бар Бошон овозатро баланд кун, ва аз Аборим фарьёд зан, зеро ки ҳамаи дӯстдоронат шикаст хӯрдаанд.
[21] Дар вақти некрӯзият туро таъкид карда будам, аммо ту гуфтӣ: „Нахоҳам шунид!“ Роҳи ту аз ҷавоният ҳамин буд, ки овози Маро нашнавӣ.
[22] Ҳамаи чӯпонони туро бод хоҳад бурд, ва дӯстдорони ту ба асирӣ хоҳанд рафт; он гоҳ аз тамоми шарорати худ хиҷил ва шармсор хоҳӣ шуд.
[23] Эй, ки бар Лубнон нишастаӣ, ва бар арзҳо лона сохтаӣ! Вақте ки дардҳо мисли азоби зане ки мезояд, туро фаро гирад, чӣ қадар оҳу воҳ хоҳӣ кард!»
[24] «Ба ҳаёти Ман қасам, — мегӯяд Худованд, — ки агарчи Коньё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо нигине бар дасти рости Ман мебуд, аз он ҷо ҳам туро мекандам.
[25] Ва Ман туро ба дасти толибони ҷонат ва ба дасти касоне ки аз онҳо метарсӣ, ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил ва ба дасти калдониён хоҳам супурд.
[26] Ва ту ва модари туро, ки туро зоидааст, ба замини дигаре ки дар он ҷо зоида нашудаед, хоҳам андохт, ва шумо дар он ҷо хоҳед мурд.
[27] Ва ба замине ки ҷонашон орзу дорад ба он ҷо баргарданд, нахоҳанд баргашт».
[28] Оё ин шахс, Коньё, ҳайкали манфури шикастаест, ё зарфи нодаркорест? Чаро онҳо — ӯ ва насли ӯ — дур андохта, ба замине ки намедонистанд, партофта шудаанд?
[29] Эй замин, эй замин, эй замин! Каломи Худовандро бишнав!
[30] Худованд чунин мегӯяд: «Ин шахсро безоту зуриёт, марди дар умраш комьёбнашудае бинависед, зеро ки касе аз наслаш комьёб шуда, бар тахти Довуд нахоҳад нишаст ва дар Яҳудо дигар салтанат нахоҳад ронд».