[1] Ва Пашҳур ибни Имери коҳин, ки сардори нозирон дар хонаи Худованд буд, ин суханонро, ки Ирмиё нубувват кард, шунид,
[2] Ва Пашҳур Ирмиёи набиро зада, дар шиканҷагоҳе ки дар дарвозаи болои Биньёмин назди хонаи Худованд буд, андохт.
[3] Ва фардои он Пашҳур Ирмиёро аз шиканҷагоҳ баровард, ва Ирмиё ба вай гуфт: «Худованд номи туро Пашҳур не, балки Магӯр‐Мисавив хондааст.
[4] Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман туро барои худат ва барои ҳамаи дӯстонат рамзи даҳшат мегардонам, ва онҳо ба дами шамшери душманони худ фурӯ хоҳанд ғалтид, ва чашмонат инро хоҳад дид; ва Ман тамоми Яҳудоро ба дасти подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба Бобил хоҳад бурд, ва онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард;
[5] Ва тамоми сарвати ин шаҳрро, ва тамоми молу мулки онро, ва тамоми ашьёи гаронбаҳои онро хоҳам супурд; ва ҳамаи ганҷинаҳои подшоҳони Яҳудоро ба дасти душманонашон хоҳам дод, ва онҳоро толону тороҷ карда ва тасарруф намуда, ба Бобил хоҳанд бурд.
[6] Ва ту, эй Пашҳур, ва ҳамаи сокинони хонаи ту ба асирӣ хоҳед рафт; ва ба Бобил хоҳӣ расид, ва дар он ҷо хоҳӣ мурд, ва дар он ҷо дафн карда хоҳӣ шуд, — ту, ва ҳамаи дӯстонат, ки барояшон ту нубуввати бардурӯғ мекардӣ».
[7] Худовандо, Ту маро саргарм кардӣ, ва ман саргарм шудам; Ту аз ман пурзӯртарӣ — ва ғолиб омадӣ; ман тамоми рӯз хандахариш гардидам: ҳар кӣ маро тамасхур мекунад.
[8] Зеро, ҳамин ки ба суханронӣ шурӯъ намоям, дар бораи зулм фарьёд мезанам, ва дар бораи тороҷ фиғон мекашам, чунки каломи Худованд барои ман нанг ва тамасхури харрӯза гардидааст.
[9] Ва ман ба дили худ гуфтам: «Дигар Ӯро зикр нахоҳам кард, ва дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд». Вале он дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст, ва ман онро боздошта, хаста гардидаам, ва натавонистам.
[10] Зеро ки аз ҷониби касони бисьёр бӯҳтон шунидам, ва даҳшат дар гирду пеш буд: «Арз кунед, ва мо аз ӯ шикоят хоҳем намуд». Ҳатто ҳамаи онҳое ки дӯсти худ медонистам, бар ман камин мекунанд: «Шояд саҳве кунад, ва мо бар ӯ ғолиб оем, ва интиқоми худро аз ӯ бигирем».
[11] Лекин Худованд, мисли ҷаббори пуриқтидор, бо ман аст; бинобар ин таъқибкунандагони ман пешпо хӯрда, ғолиб нахоҳанд омад; бағоят шармсор хоҳанд шуд, чунки аблаҳона рафтор карданд; хиҷолати абадии онҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
[12] Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки одилро меозмоӣ ва ботину дилро мебинӣ, чунин бикун, ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам, зеро ки даъвои худро пеши ту зоҳир намудаам.
[13] Барои Худованд бисароед, Худовандро ҳамду сано гӯед, зеро ки Ӯ ҷони мискинро аз дасти шарирон наҷот додааст.
[14] Малъун бод рӯзе ки дар он зоида шудаам! Муборак мабод рӯзе ки модарам маро зоидааст!
[15] Малъун бод шахсе ки ба падарам мужда дода, гуфтааст: «Барои ту фарзанди нарина зоида шуд!» — ва ӯро бағоят шод кардааст.
[16] Бигзор аҳволи он шахс мисли шаҳрҳое бишавад, ки Худованд онҳоро вожгун кард ва ҳеҷ таассуф нанамуд; бигзор вай субҳидам фиғон ва нимирӯзӣ фарьёд бишнавад,
[17] Аз боиси он ки вай маро дар худи батн намиронидааст, то ки модарам қабри ман бошад, ва батнаш ҳомилаи абадӣ бимонад.
[18] Чаро ман аз батн берун омадаам, то ки машаққат ва андӯҳ бубинам, ва рӯзҳоям дар хиҷолат адо шавад?