[1] Каломе ки Ирмиёи набӣ ба Борух ибни Нериё гуфт, вақте ки ӯ ин суханонро аз даҳони Ирмиё дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо дар тӯмори китобат менавишт:
[2] «Худованд, Худои Исроил дар ҳаққи ту, эй Борух, чунин мегӯяд:
[3] Ту гуфтаӣ: „Вой бар ман! Зеро ки Худованд бар дарди ман андӯҳе зам кардааст; аз оҳу воҳи худ лакот шудаам, ва оромӣ наёфтаам“.
[4] Ба ӯ чунин бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: инак, он чи бино кардаам, Ман хароб менамоям, ва он чи мисли ниҳол шинондаам, Ман решакан мекунам, — ва тамоми замин чунин хоҳад шуд.
[5] Ва оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун; зеро инак, Ман бар тамоми башар мусибат хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, — вале ҷони туро дар ҳар маконе ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт».