[1] Ва дар ҳамон сол, — дар ибтидои подшоҳии Сидқиё подшоҳи Яҳудо, дар соли чорум, дар моҳи панҷум, — Ҳананьё ибни Азури набӣ, ки аз Ҷибъӯн буд, дар хонаи Худованд, дар пеши назари коҳинон ва тамоми қавм ба ман рӯ оварда, гуфт:
[2] «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст:
[3] Баъд аз ду сол Ман ҳамаи зарфҳои хонаи Худовандро, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил аз ин макон гирифта ба Бобил бурд, ба ин макон хоҳам баргардонид.
[4] Ва Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи асирони Яҳудоро, ки ба Бобил рафтаанд, Ман ба ин макон хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — зеро ки юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст».
[5] Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ дар пеши назари коҳинон ва дар пеши назари тамоми қавме ки дар хонаи Худованд истода буданд, гуфт —
[6] Ва Ирмиёи набӣ гуфт: «Омин! Бигзор Худованд чунин бикунад! Бигзор Худованд суханони туро, ки бо онҳо нубувват кардӣ, ба амал оварда, зарфҳои хонаи Худованд ва ҳамаи асиронро аз Бобил ба ин макон баргардонад!
[7] Аммо ин каломро, ки ман ба гӯши ту ва гӯши тамоми қавм мегӯям, бишнав:
[8] Анбиёе ки аз қадимулайём, пеш аз ман ва пеш аз ту буданд, барои заминҳои бисьёр ва мамлакатҳои бузург ҷанг ва мусибат ва ваборо нубувват кардаанд.
[9] Аммо набие ки осоиштагиро нубувват мекунад, фақат баъд аз он ки каломи ин набӣ ба амал ояд, ӯ ҳамчун набие шинохта хоҳад шуд, ки ӯро ҳақиқатан Худованд фиристодааст».
[10] Он гоҳ Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифт, ва онро дарҳам шикаст.
[11] Ва Ҳананьё дар пеши назари тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: юғи Набукаднесар подшоҳи Бобилро баъд аз ду сол аз гардани ҳамаи халқҳо ҳамин тавр дарҳам хоҳам шикаст». Ва Ирмиё ба роҳи худ рафт.
[12] Ва баъд аз он ки Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифта дарҳам шикаст, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
[13] «Бирав ва ба Ҳананьё бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: юғҳои чӯбинро шикастӣ, вале ба ҷои онҳо юғҳои оҳанин хоҳӣ сохт.
[14] Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман юғи оҳанин бар гардани ҳамаи ин халқҳо гузоштам, то ки ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кунанд, ва онҳо хизмат хоҳанд кард; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам“».
[15] Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ гуфт: «Бишнав, эй Ҳананьё! Худованд туро нафиристодааст, ва ту қавмро бардурӯғ умедвор мекунӣ.
[16] Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман туро аз рӯи замин дур меандозам! Имсол ту хоҳӣ мурд, зеро ки бар хилофи Худованд сухан рондаӣ“».
[17] Ва Ҳананьёи набӣ ҳамон сол, дар моҳи ҳафтум мурд.