Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар соли нӯҳуми Сидқиё подшоҳи Яҳудо, дар моҳи даҳум, Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ назди Ерусалим омада, онро муҳосира карданд.

[2] Дар соли ёздаҳуми Сидқиё, дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, ҳисори шаҳр рахна карда шуд.

[3] Ва ҳамаи мирони подшоҳи Бобил омада, дар дарвозаи миёна ҷойгир шуданд, чунончи: Нерҷал Саръэсер, Самҷар‐Небу, сардори хоҷасароён Сарсеким, сардори маҷусиён Нерҷал Саръэсер ва ҳамаи мирони дигари подшоҳи Бобил.

[4] Ва ҳангоме ки Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи ҷанговарон онҳоро диданд, гурехта, бо роҳи боғи подшоҳ аз дарвозае ки дар миёни ду ҳисор буд, шабона аз шаҳр берун рафтанд; ва ӯ ба роҳи биёбон баромад.

[5] Ва лашкари калдониён онҳоро таъқиб карданд; ва дар чӯли Ериҳӯ ба Сидқиё расида гирифтанд; ва ӯро дастгир намуда, назди Набукаднесар подшоҳи Бобил ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд; ва дар ҳаққи ӯ ҳукми худро эълон кард.

[6] Ва подшоҳи Бобил писарони Сидқиёро дар Рибло дар пеши назари ӯ қатл кард; ва ҳамаи мирони Яҳудоро подшоҳи Бобил ба қатл расонид;

[7] Ва чашмони Сидқиёро кӯр кард; ва ӯро занҷирбанд намуд, то ки ӯро ба Бобил барад.

[8] Ва хонаи подшоҳ ва хонаҳои қавмро калдониён ба оташ сӯзониданд, ва ҳисорҳои Ерусалимро хароб карданд.

[9] Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи ӯ гузашта буданд, ва бақияи қавмро, ки монда буданд, сардори посбонони шахсии ӯ — Набузаръадон — ба Бобил ба асирӣ бурд.

[10] Вале бенавоёни қавмро, ки ҳеҷ чиз надоштанд, сардори посбонон Набузаръадон дар замини Яҳудо вогузошт, ва ҳамон рӯз ба онҳо токзорҳо ва киштзорҳо дод.

[11] Ва дар бораи Ирмиё Набукаднесар подшоҳи Бобил ба сардори посбонон Набузаръадон амр фармуда, гуфт:

[12] «Ӯро бигир, ва бар ӯ назари некӯ бикун, ва ба ӯ ҳеҷ осебе нарасон, балки ҳар чи ба ту бигӯяд, барояш ба амал овар».

[13] Ва сардори посбонон Набузаръадон, ва сардори хоҷасароён Набушазбон, ва сардори маҷусиён Нерҷал Саръэсер, ва тамоми акобири подшоҳи Бобил кас фиристоданд,

[14] Ва фиристода, Ирмиёро аз саҳни посгоҳ гирифтанд, ва ӯро ба Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон супурданд, то ки ба хонааш барад; ва ӯ дар миёни қавм сокин шуд.

[15] Ва бар Ирмиё, ҳангоме ки ӯ дар саҳни посгоҳ маҳбус буд, каломи Худованд нозил шуда, гуфт:

[16] «Бирав ва ба Абдумалики Ҳабашӣ бигӯй: „Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман суханони Худро дар бораи ин шаҳр ба бадӣ иҷро менамоям ва на ба некӣ; ва онҳо дар он рӯз дар пеши назари ту ба амал хоҳад омад;

[17] Вале туро дар он рӯз раҳо хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва ба дасти касоне ки ту аз онҳо метарсӣ, супурда нахоҳӣ шуд,

[18] Зеро ки туро ҳатман халосӣ хоҳам дод, ва ту ба дами шамшер нахоҳӣ афтод, ва ҷонат барои ту ғанимат хоҳад гардид, чунки ту ба Ман таваккал кардӣ, — мегӯяд Худованд“».

Китоби Ирмиёи Набӣ — Chapters