Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва дар он рӯз Дебӯро бо Бороқ ибни Абинӯам чунин суруд гуфт:

[2] «Вақте ки ҳарҷумарҷ дар Исроил ба амал омад, қавм ба ихтиёр ғайрат карданд. Худовандро ҷалол диҳед!

[3] Бишнавед, эй подшоҳон! Гӯш диҳед, эй ҳокимон! Ман барои Худованд, ман хоҳам сароид, ман барои Худованд Худои Исроил суруд хоҳам хонд!

[4] Худовандо, вақте ки Ту аз Сеир берун омадӣ, вақте ки Ту аз дашти Адӯм қадамгузор шудӣ, замин ба ларза омад, осмон низ қатра боронид; абрҳо низ об боронид.

[5] Кӯҳҳо аз ҳузури Худованд гудохта шуд, мисли Сино аз ҳузури Худованд Худои Исроил!

[6] Дар айёми Шамҷар ибни Анот, дар айёми Ёил шоҳроҳҳо хало гардида буд, ва роҳсипорон бо роҳҳои ғайримустақим равона мешуданд.

[7] Саркардагон дар Исроил аз миён рафта, боқӣ намонда буданд, то даме ки ман, Дебӯро, бархостам, ман дар Исроил ҳамчун модар бархостам.

[8] Худоёни навро ихтиёр карданд, аз ин рӯ ҷанг ба дарвозаҳо расид; дар миёни чил ҳазор нафар дар Исроил сипаре ва найзае дида нашудааст.

[9] Дили ман ба сарварони Исроил илтифот дорад, ва ба онҳое низ, ки аз миёни қавм ба ихтиёр ғайрат кардаанд. Худовандро ҷалол диҳед!

[10] Эй онҳое ки бар харони сафед савор шуда мегардед, ва онҳое ки бар кӯрпачаҳо менишинед, ва онҳое ки дар роҳ равона мешавед, мадҳ гӯед!

[11] Дар зери садои тирандозони назди обхӯраҳо, дар он ҷо аъмоли наҷотбахши Худовандро, наҷотеро, ки Ӯ ба саркардагони Исроил бахшидааст, ситоиш мекунанд. Он гоҳ қавми Худованд назди дарвозаҳо фурӯд омаданд.

[12] Бедор шав, бедор шав, эй Дебӯро! Бедор шав, бедор шав, суруде бигӯй! Бархез, эй Бороқ, ва асирони худро ба асирӣ бибар, эй ибни Абинӯам!

[13] Он гоҳ Ӯ бақияи камшуморро бар нерумандони қавм ҳукмфармо сохт; Худованд маро бар баҳодурон ҳукмфармо сохт.

[14] Аз ҷониби Эфроим онҳое омаданд, ки решаашон дар кӯҳи Амолеқ аст; аз қафои ту — Биньёмин бо мардуми сершумори ту; аз ҷониби Мокир фармондеҳон фурӯд омаданд, ва аз ҷониби Забулун — онҳое ки асои муншӣ дар дасташон буд.

[15] Ва сарварони Иссокор бо Дебӯро буданд; ва мардуми Иссокор, мисли Бороқ, аз қафои ӯ ба водӣ шитофтанд; дар ҳиссаҳои қабилаи Реубен андешаҳои дил бисьёр буд.

[16] Чаро дар миёни қӯраҳо нишастаӣ, то ки найҳои рамабононро бишнавӣ? Дар ҳиссаҳои Реубен фикру андешаҳои дил бисьёр буд.

[17] Ҷилъод дар он тарафи Урдун сокин буд, ва Дон чаро назди киштиҳо истод? Ошер дар соҳили баҳр нишаст, ва назди халиҷҳои худ сукунат дошт.

[18] Забулун қавме буданд, ки ҷони худро дар хатари мурдан гузоштанд, ва Нафтолӣ низ дар баландиҳои саҳро.

[19] Подшоҳон омада, ҷанг карданд; он вақт подшоҳони Канъон дар Таънақ назди обҳои Маҷиддӯ ҷанг карданд, лекин ҳеҷ музде бо нуқра нагирифтанд.

[20] Аз осмон ҷанг карданд, — ситорагон аз мадори худ бо Сисро ҷанг карданд.

[21] Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, — наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн. Бо тамоми қувват, эй ҷони ман, душманро поймол кардӣ!

[22] Он гоҳ сумҳои аспон ба сабаби гурезогурези зӯроварони вай заминро кӯфтан гирифт.

[23] Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.

[24] Бигзор Ёил, зани Ҳобари Қенӣ, бештар аз занони дигар муборак бод, бештар аз ҳамаи занони хайманишин муборак бод!

[25] Вай об талабид, ӯ шир дод, дар косаи мирон қаймоқ овард;

[26] Дасти худро ба мех дароз кард, ва ямини худро — ба путки коргарон; ва Сисроро зарба зад, сари варо кафонид, чаккаи варо шикофта, ба замин дӯхт.

[27] Вай пеши пойҳои ӯ калла хам кард ва афтода, хобид; пеши пойҳои ӯ калла хам карда, афтод; дар ҷое ки калла хам кард, ҷон дода, афтод.

[28] Модари Сисро аз тиреза нигоҳ мекунад ва аз пушти панҷара фиғон мекашад: „Чаро аробаи ӯ дар омадан таъхир менамояд? Чаро чархҳои аробаҳояш даранг мекунад?“

[29] Хотунҳои донои вай ба вай ҷавоб мегардонанд, худаш низ чунин суханонашро барои худ такрор менамояд:

[30] „Яқин аст, ки онҳо ғаниматеро ёфта, тақсим мекунанд: як духтар, ду духтар барои ҳар мард, ғанимати либосҳои рангоранг барои Сисро, — ғанимати либосҳои рангоранге ки гулдӯзӣ карда шудааст; матои гаронбаҳои дорои гулдӯзии дурӯя, ки аз гардани асирон ба ғанимат гирифта шудааст“.

[31] Бигзор ҳамин тавр ҳамаи душманонат маҳв шаванд, эй Худованд! Вале дӯстдорони Ӯ бигзор мисли офтобе бошанд, ки бо тамоми қувваташ тулӯъ мекунад!» Ва замин чил сол ором ёфт.

Китоби Доварони Исроил — Chapters