Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва шахсе аз кӯҳи Эфроим буд, ки Михойҳу ном дошт.

[2] Ва ӯ ба модари худ гуфт: «Ҳазору сад сиқл нуқрае ки аз ту рабуда шуд, ва дар бораи он ту лаънат хондӣ ва дар гӯшҳои ман низ гуфтӣ, — инак, он нуқра дар дасти ман аст: ман онро гирифта будам». Ва модараш гуфт: «Худованд писарамро баракат диҳад!»

[3] Ва он ҳазору сад сиқл нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш гуфт: «Ман ин нуқраро комилан ба Худованд аз дасти худ барои писарам вақф намудаам, то ки санами тарошидае ва бути рехтае бисозад; ва акнун онро ба ту бармегардонам».

[4] Вале ӯ нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш дусад сиқл нуқраро гирифта, ба заргар дод, ки вай санам ва бут сохт, ва онҳо дар хонаи Михойҳу буд.

[5] Ва ин шахс, яъне Михо, хонае барои ибодати худо дошт; ва ӯ эфӯд ва трофим сохт, ва яке аз писарони худро баргумошт, то ки коҳини ӯ бошад.

[6] Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард.

[7] Ва ҷавоне аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки дар миёни қабилаи Яҳудо зиндагӣ мекард; вале ӯ левизода буда, дар он ҷо сукунат дошт.

[8] Ва ин шахс аз шаҳр, аз Байт‐Лаҳми Яҳудо, равона шуд, то дар мавзее ки ба муддаои табъаш бошад, маскан гирад; ва ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расид, то ки аз он ҷо сафарашро давом диҳад.

[9] Ва Михо ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадаӣ?» Ва ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман левизодае аз Байт‐Лаҳми Яҳудо ҳастам, ва меравам, то дар мавзее ки ба муддаои табъам бошад, маскан гирам».

[10] Ва Михо ба ӯ гуфт: «Назди ман маскан гир, ва бароям падар ва коҳин бош, ва ман ба ту ҳар сол даҳ сиқл нуқра, ва як даста либос ва ризқу рӯзӣ медиҳам». Ва левизода омад,

[11] Ва левизода розӣ шуд, ки назди ин мард маскан гирад; ва он ҷавон назди вай мисли яке аз писаронаш буд.

[12] Ва Михо левизодаро баргумошт, ва ҷавон коҳини ӯ шуд, ва дар хонаи Михо маскан гирифт.

[13] Ва Михо гуфт: «Акнун донистам, ки Худованд ба ман эҳсон хоҳад кард, зеро ки левизода коҳини ман шудааст».

Китоби Доварони Исроил — Chapters