[1] Ва инҳоянд халқҳое ки Худованд боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмояд, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ҳамаи ҷангҳои Канъонро намедонистанд,
[2] То ки наслҳои банӣ‐Исроил дониш пайдо карда, бурдани ҷангро таълим гиранд, яъне онҳое ки пештар онро намедонистанд:
[3] Панҷ ҳокими фалиштиён ва ҳамаи канъониён, сидӯниён ва ҳиввиён, ки дар кӯҳсори Лубнон аз кӯҳи Баал‐Ҳермӯн то даромадгоҳи Ҳамот сокин буданд.
[4] Ва онҳо барои он боқӣ гузошта шуда буданд, ки ба воситаи онҳо исроилиён озмуда шаванд, то маълум гардад, ки оё ба аҳкоми Худованд, ки Ӯ ба падаронашон ба воситаи Мусо амр фармудааст, итоат менамоянд ё не.
[5] Ва банӣ‐Исроил дар миёни канъониён, ҳиттиён ва амӯриён ва фариззиён ва ҳиввиён ва ябусиён сокин буданд;
[6] Ва духтарони онҳоро барои худ ба занӣ мегирифтанд, ва духтарони худро ба писарони онҳо медоданд, ва худоёни онҳоро ибодат мекарданд.
[7] Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.
[8] Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд.
[9] Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.
[10] Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.
[11] Ва замин чил сол ором ёфт; ва Отниил ибни Қеназ вафот ёфт.
[12] Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд.
[13] Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд.
[14] Ва банӣ‐Исроил ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳаждаҳ сол хизмат карданд.
[15] Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.
[16] Ва Эҳуд барои худ шамшери дудамае ки дарозияш як зироъ буд, сохт, ва онро дар таги ҷомаи худ, бар рони росташ овехт.
[17] Ва ҳадияро ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — пешкаш намуд; ва Аҷлӯн шахси бағоят фарбеҳ буд.
[18] Ва чун пешкаш кардани ҳадияро анҷом дод, одамонеро, ки ҳадияро бардошта оварда буданд, гуселонид.
[19] Ва худаш аз пеши санамҳое ки назди Ҷилҷол буд, баргашта, гуфт: «Сухани махфие барои ту дорам, эй подшоҳ». Вай гуфт: «Хомӯш!» Ва ҳамаи ҳозирон аз пеши вай баромаданд.
[20] Ва Эҳуд ба вай наздик омад, дар сурате ки вай дар болохонаи салқин танҳо нишаста буд; ва Эҳуд гуфт: «Каломе аз ҷониби Худо барои ту дорам». Вай аз курсӣ бархост.
[21] Ва Эҳуд дасти чапи худро дароз карда, шамшерро аз болои рони рости худ гирифт, ва онро ба шиками вай халонид,
[22] Ба тавре ки дастаи он низ бо теғаш фурӯ рафт, ва чарбу теғро пӯшонид, зеро ки шамшерро аз шиками вай кашида набаровард; ва наҷосати вай зада баромад.
[23] Ва Эҳуд ба роҳрав баромада, дарҳои болохонаро аз пушти вай баст ва қуфл кард.
[24] Ва чун ӯ берун рафт, навкарони вай омада диданд, ки инак, дарҳои болохона қуфл аст; ва дар дили худ гуфтанд: «Яқинан, вай дар хонаи салқин ба ҳоҷат бархостааст».
[25] Ва хеле вақт маътал монданд, ва инак, вай дарҳоро намекушояд; ва онҳо калидро гирифта, кушоданд, ва инак, оғояшон бар замин мурда хобидааст.
[26] Ва Эҳуд дар замоне ки онҳо интизор меистоданд, нопадид гашт, ва аз пеши санамҳо гузашта, ба сӯи Саиро гурехт.
[27] Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд.
[28] Ва ба онҳо гуфт: «Аз ақиби ман битозед, зеро ки Худованд душмани шуморо ба дасти шумо супурдааст». Ва онҳо аз ақиби ӯ фурӯд омаданд, ва маъбарҳои Урдунро, ки ҷониби Мӯоб буд, гирифтанд, ва ҳеҷ якеро нагузоштанд, ки аз онҳо убур намояд.
[29] Ва дар он вақт тақрибан даҳ ҳазор нафарро аз мӯобиён, яъне ҳар паҳлавон ва ҷанговарро куштанд, ва ҳеҷ кас натавонист бигрезад.
[30] Ва Мӯоб дар он рӯз зери дасти Исроил итоат намуд, ва замин ҳаштод сол ором ёфт.
[31] Ва баъд аз ӯ Шамҷар ибни Анот буд, ва шашсад нафарро аз фалиштиён бо таёқи говронӣ зада кушт; ва ӯ низ Исроилро наҷот дод.