[1] Ва Шимшӯн ба Тимно фурӯд омад; ва дар Тимно занеро аз духтарони фалиштиён дид.
[2] Ва омада, ба падару модари худ хабар дод ва гуфт: «Дар Тимно занеро аз духтарони фалиштиён дидам; ва акнун варо барои ман ба занӣ бигиред».
[3] Ва падару модараш ба ӯ гуфтанд: «Магар дар миёни духтарони бародаронат ва дар тамоми қавми мо зане нест, ки ту мехоҳӣ рафта, аз фалиштиёни номахтун зан бигирӣ?» Вале Шимшӯн ба падари худ гуфт: «Варо барои ман бигир, зеро ки вай дар чашми ман писанд омад».
[4] Валекин падару модараш намедонистанд, ки ин аз ҷониби Худованд аст, зеро ки Ӯ мехост баҳонае бар фалиштиён биҷӯяд; ва дар он вақт фалиштиён бар Исроил ҳукмрон буданд.
[5] Ва Шимшӯн бо падару модари худ ба Тимно фурӯд омад; ва ҳангоме ки ба токзори Тимно расиданд, инак, шери ҷавоне ба пешвози ӯ наъра зад.
[6] Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, онро дупора кард, чунон ки бузғоларо дупора мекунанд, агарчи дар дасташ чизе набуд; ва ба падару модараш он чиро, ки карда буд, хабар надод.
[7] Ва фурӯд омада, бо он зан гуфтугӯ кард, ва вай дар чашми ӯ писанд омад.
[8] Ва баъд аз муддате, вақте ки ӯ барои гирифтани вай бармегашт, аз роҳ ба каноре рафт, то лошаи шерро бубинад; ва инак, дар лошаи шер тӯдаи занбӯрҳо ва асал буд.
[9] Ва онро ба кафҳои дасташ гирифта, равона шуд ва дар роҳ мехӯрд; ва чун ба падару модараш расид, ба онҳо низ дод, ва онҳо хӯрданд; вале ба онҳо нагуфт, ки асалро аз лошаи шер гирифтааст.
[10] Ва падараш назди он зан фурӯд омад; ва Шимшӯн дар он ҷо базм кард, зеро ки расму одати ҷавонон чунин буд.
[11] Ва чун ӯро диданд, сӣ нафар ёронро баргузиданд, то ки бо ӯ бошанд.
[12] Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Муаммое барои шумо мегӯям; агар шумо онро барои ман дар ҳафт рӯзи базм ҳал намоед ва ҳалли дурусташро биёбед, ман ба шумо сӣ яктаки катон ва сӣ даста либос хоҳам дод;
[13] Вале агар онро барои ман натавонед ҳал намоед, шумо бояд сӣ ҷомаи катон ва сӣ даста либос ба ман бидиҳед». Ба ӯ гуфтанд: «Муаммои худро бигӯй, то ки онро бишнавем».
[14] Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Аз хӯранда хӯрок берун омад, ва аз зӯровар ширинӣ берун омад». Ва онҳо дар се рӯз натавонистанд муамморо ҳал кунанд.
[15] Ва чунин воқеъ шуд, ки дар рӯзи ҳафтум онҳо ба зани Шимшӯн гуфтанд: «Шавҳаратро розӣ намо, то ки ҳалли муамморо ба мо бигӯяд, мабодо туро ва хонаи падаратро оташ дода, бисӯзонем: магар моро барои он таклиф намудаед, ки моро тороҷ кунед?»
[16] Ва зани Шимшӯн пеши ӯ гирья карда, гуфт: «Яқин аст, ки ту аз ман нафрат дорӣ ва маро дӯст намедорӣ; ба писарони қавми ман муаммое гуфтаӣ, вале ҳалли онро ба ман маълум накардаӣ». Ва ӯ ба вай гуфт: «Инак, ба падару модари худ онро маълум накардаам, оё ба ту маълум кунам?»
[17] Ва ҳафт рӯзе ки базми онҳо давом мекард, вай пеши ӯ мегирист; ва дар рӯзи ҳафтум ӯ ба вай маълум кард, зеро ки вай бо чақиданаш ӯро аз ҷон безор сохт; ва баъд аз ин вай ҳалли муамморо ба писарони қавми худ маълум кард.
[18] Ва дар рӯзи ҳафтум, пеш аз ғуруби офтоб, мардуми он шаҳр ба ӯ гуфтанд: «Чист ширинтар аз асал, ва чист зӯровартар аз шер?» Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Агар бо ғуноҷини ман шудгор намекардед, ҳалли муаммои маро намеёфтед».
[19] Ва Рӯҳи Худованд ба ӯ нозил шуда, ӯ ба Ашқалӯн фурӯд омад, ва аз онҳо сӣ нафарро кушта, либосашонро кашида гирифт, ва дастаҳои либосро ба онҳое ки муамморо ҳал карда буданд, дод. Ва хашмаш аланга гирифта, ӯ ба хонаи падари худ баргашт.
[20] Ва зани Шимшӯн ба рафиқе ки ёри ӯ шуда буд, расид.