[1] Ва аҳли Эфроим ҷамъ шуда, ба тарафи шимол гузаштанд ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Чаро барои ҷангидан бо банӣ‐Аммӯн рафтӣ, вале моро нахондӣ, то ки ҳамроҳи ту биравем? Мо хонаи туро оташ дода, бар сари ту хоҳем сӯзонид».
[2] Вале Йифтоҳ ба онҳо гуфт: «Ман ва қавми ман бо банӣ‐Аммӯн низои сахте доштем; ва ман шуморо хондам, вале маро аз дасти онҳо наҷот надодед.
[3] Ва чун дидам, ки наҷот намедиҳӣ, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузаштам, ва Худованд онҳоро ба дасти ман супурд; пас чаро шумо имрӯз назди ман баромадаед, то ки бо ман ҷанг кунед?»
[4] Ва Йифтоҳ тамоми мардуми Ҷилъодро ҷамъ оварда, бо Эфроим ҷанг кард; ва мардуми Ҷилъод ба эфроимиён зарба расониданд, чунки гуфта буданд: «Эй аҳли Ҷилъод, шумо гурезаҳои Эфроим андаруни Эфроим ва андаруни Менашше ҳастед».
[5] Ва аҳли Ҷилъод маъбарҳои Урдунро аз Эфроим гирифтанд, ва ҳангоме ки касе аз гурезаҳои Эфроим мегуфт: «Бимон, ки бигзарам», мардуми Ҷилъод ба вай мегуфтанд: «Оё ту эфроимӣ ҳастӣ?» Вай мегуфт: «Не».
[6] Онҳо ба вай мегуфтанд: «Бигӯй: „Шиббӯлет“», вале вай мегуфт: «Сиббӯлет», ва наметавонист дуруст талаффуз намояд; ва онҳо варо дастгир карда, назди маъбарҳои Урдун мекуштанд; ва дар он вақт чилу ду ҳазор нафар эфроимиён кушта шуданд.
[7] Ва Йифтоҳ бар Исроил шаш сол доварӣ намуд; ва Йифтоҳи ҷилъодӣ вафот ёфта, дар яке аз шаҳрҳои Ҷилъод дафн карда шуд.
[8] Ва баъд аз ӯ Ибсони байтлаҳмӣ бар Исроил доварӣ намуд.
[9] Ва ӯ сӣ писар дошт, ва сӣ духтарашро берун бароварда, аз берун барои писаронаш сӣ духтар гирифта буд; ва ӯ ҳафт сол бар Исроил доварӣ намуд.
[10] Ва Ибсон вафот ёфта, дар Байт‐Лаҳм дафн карда шуд.
[11] Ва баъд аз ӯ Элӯни забулунӣ бар Исроил доварӣ намуд; ва ӯ даҳ сол бар Исроил доварӣ намуд.
[12] Ва Элӯни забулунӣ вафот ёфта, дар Аёлӯн, ки дар замини Забулун аст, дафн карда шуд.
[13] Ва баъд аз ӯ Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ бар Исроил доварӣ намуд.
[14] Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд.
[15] Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд.