Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.

[2] Ва шахсе аз Соръо, аз қабилаи Дон буд, ки Монӯаҳ ном дошт, ва занаш безуриёт буда, намезоид.

[3] Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.

[4] Ва алҳол барҳазар бош, ва май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр.

[5] Зеро инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид, ва поку ба сараш нахоҳад расид, зеро ки он кӯдак аз батни модар барои Худо мумтоз хоҳад буд; ва ӯ ба наҷот додани Исроил аз дасти фалиштиён шурӯъ хоҳад намуд».

[6] Ва он зан омада, ба шавҳари худ гуфт: «Марди Худо назди ман омад, ва намудаш мисли намуди фариштаи Худо бағоят саҳмгин буд; ва ман аз ӯ напурсидам, ки ӯ аз куҷост, ва ӯ номи худро ба ман нагуфт.

[7] Ва ӯ ба ман гуфт: „Инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид; ва алҳол май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр, зеро ки он кӯдак аз батни модар то рӯзи мамоташ барои Худо мумтоз хоҳад буд“».

[8] Ва Монӯаҳ пеши Худованд зорию илтиҷо карда, гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Бигзор он марди Худо, ки фиристодӣ, бори дигар назди мо омада, моро таълим диҳад, ки бо кӯдаке ки бояд таваллуд ёбад, чӣ гуна рафтор намоем».

[9] Ва Худо овози Монӯаҳро шунид, ва фариштаи Худо боз назди зан омад, дар сурате ки вай дар саҳро нишаста буд, вале шавҳараш Монӯаҳ бо вай набуд.

[10] Ва зан зуд давида, ба шавҳараш хабар дод, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бар ман он мард зоҳир шуд, ки он рӯз назди ман омада буд».

[11] Ва Монӯаҳ бархоста, аз ақиби занаш равона шуд, ва назди он мард омада, ба вай гуфт: «Оё ту ҳамон мард ҳастӣ, ки бо ин зан сухан рондӣ?» Гуфт: «Ман ҳастам».

[12] Ва Монӯаҳ гуфт: «Пас, вақте ки суханонат ба амал ояд, тарбияти он кӯдак чӣ гуна хоҳад буд, ва бо ӯ чӣ бояд кард?»

[13] Ва фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Бигзор аз ҳар чи ба зан гуфтаам, хазар намояд.

[14] Бигзор ҳар чиро, ки аз токи ангур ҳосил мешавад, нахӯрад, ва май ва арақ нанӯшад, ва ҳеҷ чизи палид нахӯрад; ҳар чиро, ки ба вай амр фармудаам, риоя намояд».

[15] Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Лутфан, туро мо каме нигоҳ дорем, то ки барои ту бузғолае тайёр кунем».

[16] Вале фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Ҳарчанд маро нигоҳ дорӣ, аз нони ту нахоҳам хӯрд; ва агар бихоҳӣ қурбонии сӯхтанӣ оварӣ, онро барои Худованд биёр». Зеро Монӯаҳ намедонист, ки вай фариштаи Худованд аст.

[17] Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Номи ту чист? Вақте ки суханат ба амал ояд, туро иззату икром намоем».

[18] Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Чаро номи маро мепурсӣ? Он муаммост».

[19] Ва Монӯаҳ бузғола ва ҳадияи ордиро гирифта, бар сахра барои Худованд қурбонӣ овард, ва инак, фаришта кори аҷоибе кард, ва Монӯаҳ ва занаш медиданд.

[20] Ва ҳангоме ки аланга аз қурбонгоҳ сӯи осмон баромад, фариштаи Худованд дар он алангаи қурбонгоҳ сууд намуд; ва Монӯаҳ ва занаш инро дида, рӯй ба замин афтоданд.

[21] Ва фариштаи Худованд ба Монӯаҳ ва занаш дигар аён нашуд; он гоҳ Монӯаҳ донист, ки вай фариштаи Худованд будааст.

[22] Ва Монӯаҳ ба занаш гуфт: «Мо яқинан хоҳем мурд, зеро ки Худоро дидем».

[23] Вале занаш ба ӯ гуфт: «Агар Худованд мехост моро бикушад, қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро аз дасти мо қабул намекард, ва ҳамаи ин чизҳоро ба мо нишон намедод; ва дар ин вақт чунин хабарро ба самъи мо намерасонид».

[24] Ва он зан писаре зоид, ва ӯро Шимшӯн ном ниҳод; ва кӯдак калон мешуд, ва Худованд ӯро баракат медод.

[25] Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.

Китоби Доварони Исроил — Chapters