Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.

[2] Ва суррияи ӯ аз ӯ қаҳр карда, аз пеши ӯ ба хонаи падари худ, ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафт, ва дар он ҷо чор моҳ бимонд.

[3] Ва шавҳараш бархоста, аз пушти вай рафт, то ки дили варо ёфта, варо назди худ баргардонад; ва навкараш ва як ҷуфт хараш ҳамроҳи ӯ буд. Вай ӯро ба хонаи падари худ овард, ва падари занак ӯро дида, бо хурсандӣ ӯро пешвоз гирифт.

[4] Ва падарарӯсаш, яъне падари занак, ӯро нигоҳ дошт, ва ӯ се рӯз назди вай истод; ва хӯрданд ва нӯшиданд ва дар он ҷо шабро гузарониданд.

[5] Ва дар рӯзи чорум онҳо бомдодон бармаҳал бедор шуданд, ва ӯ бархост, то ки равона шавад; ва падари занак ба домодаш гуфт: «Дили худро бо луқмаи нон боқувват намо, ва баъд равона шавед».

[6] Ва ҳар ду нишаста, якҷоя хӯрок хӯрданд ва нӯшиданд; ва падари занак ба он мард гуфт: «Лутфан, имшаб дар ҳамин ҷо бимон, то дилат шод гардад».

[7] Ва он мард бархост, то ки равона шавад, валекин падарарӯсаш аз ӯ бисьёр хоҳиш намуд, ва ӯ монда, шабро дар он ҷо гузаронид.

[8] Ва дар рӯзи панҷум ӯ бомдодон бармаҳал бедор шуд, то ки равона шавад, ва падари занак ба ӯ гуфт: «Лутфан, дили худро боқувват намо, ва то гашти пешин таъхир кунед». Ва ҳар ду хӯрок хӯрданд.

[9] Ва он мард бархост, то ки равона шавад, — худаш ва суррияаш ва навкараш. Ва падарарӯси ӯ, падари занак, ба ӯ гуфт: «Инак, рӯз ба ғуруб наздик мешавад; лутфан, имшаб бимонед; инак, рӯз тамом мешавад; шабро дар ин ҷо бигзарон, то дилат шод гардад; ва фардо бармаҳал бедор шуда, роҳи худро давом хоҳед дод, ва ту ба хаймаи худ хоҳӣ расид».

[10] Вале он мард ба шабгузаронӣ розӣ нашуд, ва бархоста, равона шуд ва то рӯ ба рӯи Ябус, ки Ерусалим бошад, расид, ва ҷуфти харони полондор ҳамроҳи ӯ буд, ва суррияи ӯ бо ӯ буд.

[11] Вақте ки онҳо ба Ябус расиданд, рӯз бағоят ба ғуруб наздик буд, ва навкар ба оғояш гуфт: «Биёед, ба ин шаҳри ябусиён дохил шуда, шабро дар он ҷо бигзаронем».

[12] Оғояш ба вай гуфт: «Ба шаҳри бегона, ки сокинонаш аз банӣ‐Исроил нестанд, доҳил намешавем, балки ба Ҷабъа мегузарем».

[13] Ва ба навкари худ гуфт: «Рафта, ба яке аз маконҳо мерасем, ва шабро дар Ҷабъа ё дар Ромо мегузаронем».

[14] Ва аз он ҷо гузашта рафтанд, ва назди Ҷабъа, ки мулки Биньёмин аст, офтоб бар онҳо ғуруб кард.

[15] Ва ба он ҷо тоб хӯрданд, то ки омада, шабро дар Ҷабъа бигзаронанд; ва ӯ омада, дар кӯчаи шаҳр нишаст, ва касе набуд, ки онҳоро ба хонаи худ бурда, барои шабгузаронӣ ҷой диҳад.

[16] Ва инак, пирамарде бегоҳирӯзӣ аз кори худ аз саҳро бармегашт; ва ин мард аз кӯҳи Эфроим буда, дар Ҷабъа сукунат дошт, вале мардуми ин макон аз сибти Биньёмин буданд.

[17] Ва ӯ назар андохта дид, ки роҳгузаре дар кӯчаи шаҳр нишастааст; ва пирамард гуфт: «Куҷо меравӣ? Ва аз куҷо омадаӣ?»

[18] Дар ҷавоби ӯ гуфт: «Мо аз Байт‐Лаҳми Яҳудо то ақсои кӯҳи Эфроим меравем, ки ман аз он ҷо ҳастам; ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафта будам, ва алҳол сӯи хонаи Худованд меравам; ва касе нест, ки маро ба хонаи худ бибарад.

[19] Ва коҳу беда барои харони мо ҳаст, ва нону шароб низ барои ман ва барои канизи ту ва барои навкаре ки ҳамроҳи бандагони туст; аз ҳеҷ чиз камӣ надорем».

[20] Пирамард гуфт: «Осоиштагӣ бар ту бод; ҳар камии ту бар ман аст; лекин дар кӯча шабгузаронӣ накун».

[21] Ва ӯро ба хонаи ҳуд овард, ва ба харон хӯрок дод; ва онҳо пойҳои худро шустанд, ва хӯрданд, ва нӯшиданд.

[22] Ҳангоме ки онҳо дили худро шод мекарданд, инак, мардуми шаҳр, шахсони сафилзода, хонаро иҳота намуда, дари онро сахт кӯфтанд, ва ба он пирамарди соҳибхона сухан ронда, гуфтанд: «Он мардро, ки ба хонаи ту даромадааст, берун ор, то ки бо ӯ бихобем».

[23] Ва марди соҳибхона назди онҳо баромада, ба онҳо гуфт: «Не, бародаронам, лутфан, бадкорӣ накунед; модоме ки ин мард ба хонаи ман даромадааст, ин кори зиштро накунед.

[24] Инак, духтари бокираи ман ва суррияи ӯ, — ман онҳоро берун меоварам, ва шумо ба номӯси онҳо таҷовуз намоед, ва ҳар чи дар назаратон писанд ояд, ба онҳо бикунед, вале ба ин мард ин кори зиштро накунед».

[25] Валекин он шахсон нахостанд сухани ӯро бишнаванд. Ва он мард суррияи худро гирифта, назди онҳо берун овард; ва онҳо бо вай хобиданд, ва тамоми шаб то субҳ азият доданд, ва баробари дамидани саҳар варо вогузоштанд.

[26] Ва занак субҳидам омада, назди дари он мард, ки оғояш дар он ҷо буд, беҳуш шуда афтод, ва то равшан шудани рӯз дар он ҷо хобид.

[27] Бомдодон оғои вай бархоста, дари хонаро воз кард, ва берун омад, то ки ба роҳи худ равона шавад; ва инак, зани суррияи ӯ дар даҳани дари хона афтодааст, ва дастҳояш бар остона буд.

[28] Ва ӯ ба вай гуфт: «Бархез, то ки биравем!» Вале касе ҷавоб надод. Пас варо гирифта, бар хар гузошт, ва он мард бархоста, ба макони худ рафт.

[29] Ва ҳангоме ки ба хонаи худ расид, корде гирифт, ва суррияи худро гирифта, андоми бадани варо ба дувоздаҳ қисм пора кард, ва онҳоро ба тамоми ҳудуди Исроил фиристод.

[30] Ва ҳар кӣ инро медид, мегуфт: «Аз рӯзе ки банӣ‐Исроил аз замини Миср баромадаанд, то имрӯз чунин коре карда ва дида нашудааст; ба ин диққат диҳед, машварат намоед ва бигӯед».

Китоби Доварони Исроил — Chapters