[1] Ва Довуд гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул боқӣ мондааст, то ки ба хотири Йӯнотон ба вай эҳсон намоям?»
[2] Ва дар хонадони Шоул навкаре буд, ки Сибо ном дошт; ва ӯро назди Довуд хонданд, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Оё ту Сибо ҳастӣ?» Гуфт: «Бандаи ту ҳастам».
[3] Ва подшоҳ гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул ҳаст, то ки ба вай эҳсони Худоро ба амал оварам?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки поҳояш ланг аст».
[4] Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Вай куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар хонаи Мокир ибни Амиил дар Лӯ‐Дабор мебошад».
[5] Ва подшоҳ Довуд фиристода, варо аз хонаи Мокир ибни Амиил, аз Лӯ‐Дабор гирифт.
[6] Ва Мефибӯшет ибни Йӯнотон ибни Шоул назди Довуд омад, ва бар рӯи худ афтода, ба ӯ сачда бурд; ва Довуд гуфт: «Эй Мефибӯшет!» Гуфт: «Инак бандаи ту».
[7] Ва Довуд ба вай гуфт: «Натарс, зеро ки ба хотири падарат Йӯнотон ба ту албатта эҳсон хоҳам намуд, ва тамоми замини падарат Шоулро ба ту хоҳам баргардонид; ва ту ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳӣ хӯрд».
[8] Ва вай саҷда бурда, гуфт: «Бандаи ту чист, ки ба саги мурдае мисли ман илтифот намудаӣ?»
[9] Ва подшоҳ навкари Шоул Сиборо хонда, ба вай гуфт: «Ҳар он чиро, ки ба Шоул ва тамоми хонадонаш тааллуқ дошт, ба писари оғоят додам.
[10] Ва ту ва писаронат ва навкаронат заминро барои ӯ кор карда, ҳосили онро биёред, то ки писари оғоят нон барои хӯрданаш дошта бошад; вале Мефибӯшет, писари оғоят, ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳад хӯрд». Ва Сибо понздаҳ писар ва бист навкар дошт.
[11] Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Мувофиқи ҳар он чи оғоям подшоҳ амр фармудааст, бандаат ҳамон тавр амал хоҳад кард». Ва подшоҳ гуфт, ки «Мефибӯшет мисли яке аз писарони подшоҳ дар сари суфраи ман хоҳад хӯрд».
[12] Ва Мефибӯшет писари хурдсоле дошт, ки номаш Михо буд. Ва ҳамаи сокинони хонаи Сибо навкарони Мефибӯшет буданд.
[13] Ва Мефибӯшет дар Ерусалим сукунат дошт, зеро ки ҳамеша дар сари суфраи подшоҳ мехӯрд; ва ду пояш ланг буд.