[1] Ва ғазаби Худованд боз бар исроилиён аланга зад, ва Довудро бар онҳо барангехт, то бигӯяд: «Бирав, Исроил ва Яҳудоро саршуморӣ намо».
[2] Ва подшоҳ ба сарлашкари худ Юоб, ки назди ӯ буд, гуфт: «Дар тамоми сибтҳои Исроил, аз Дон то Беэр‐Шобаъ гардиш карда, қавмро саршуморӣ намо, то ки шумораи қавмро бидонам».
[3] Ва Юоб ба подшоҳ гуфт: «Бигзор Худованд Худои ту шумораи қавмро аз он қадар, ки ҳаст, сад баробар зиёд кунад, ва чашмони оғоям подшоҳ инро бубинад! Пас, чаро оғоям подшоҳ ин корро хоҳон аст?»
[4] Вале сухани подшоҳ бар Юоб ва сардорони сипоҳ ғолиб омад; ва Юоб бо сардорони сипоҳ аз пеши подшоҳ берун рафтанд, то ки қавми Исроилро саршуморӣ кунанд.
[5] Ва аз Урдун гузашта, дар Арӯэр ӯрду заданд, ва аз тарафи рости шаҳр андаруни водии Ҷод рӯ оварда, ба Яъзир омаданд.
[6] Ва ба Ҷилъод ва ба замини Таҳтим‐Ҳодшӣ расиданд; ва ба Дон‐Яан омаданд, ва давр зада, ба самти Сидӯн рафтанд.
[7] Ва ба қалъаи рӯ ба рӯи Сӯр ва ба ҳамаи шаҳрҳои ҳиввиён ва канъониён омаданд, ва ба ҷануби Яҳудо баромада, то Беэр‐Шобаъ расиданд.
[8] Ва тамоми заминро тай намуда, баъд аз гузаштани нӯҳ моҳу бист рӯз ба Ерусалим омаданд.
[9] Ва Юоб рӯйхати саршумории қавмро ба подшоҳ пешниҳод кард; аз Исроил ҳаштсад ҳазор нафар ҷанговарони шамшерзан, ва аз Яҳудо панҷсад ҳазор нафар буданд.
[10] Ва Довуд, баъд аз он ки қавмро саршуморӣ намуд, пушаймон шуд; ва Довуд ба Худованд гуфт: «Бо ин коре ки кардам, ман бағоят гуноҳкор шудам; ва алҳол, эй Худованд, аз гуноҳи бандаи Худ гузароӣ намо, зеро ки бағоят беақлона рафтор кардам».
[11] Ва Довуд бомдодон бархост; ва каломи Худованд бар Ҷоди набӣ, ки пешбини Довуд буд, нозил шуда, гуфт:
[12] «Рафта, ба Довуд бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: Ман се чизро ба ту таклиф мекунам; яке аз онҳоро барои худ интихоб намо, то ки бар ту ба амал оварам“».
[13] Ва Ҷод назди Довуд омад ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Оё ҳафт сол қаҳтӣ бар замини ту биёяд, ё се моҳ аз пеши душманонат бигрезӣ, ва онҳо туро таъқиб намоянд, ё ки се рӯз дар замини ту вабо рӯй диҳад? Алҳол мулоҳиза карда, қарор намо, ки ман ба Фиристандаи худ чӣ ҷавобе бирасонам».
[14] Ва Довуд ба Ҷод гуфт: «Ман дар ғояти тангӣ ҳастам; беҳтар аст, ки ба дасти Худованд биафтам, зеро ки марҳамати Ӯ бузург аст; вале ба дасти одамизод наафтам».
[15] Ва Худованд бар Исроил аз он субҳ то вақти муайяншуда вабо фиристод, ва аз қавм, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, ҳафтод ҳазор нафар мурданд.
[16] Ва фаришта дасти худро бар Ерусалим дароз кард, то ки онро ба ҳалокат бирасонад, валекин Худованд аз ин офат пушаймон шуд, ва ба фариштае ки қавмро нобуд мекард, гуфт: «Басанда аст, акнун дасти худро боздор!» Ва фариштаи Худованд назди хирмангоҳи Аравнои ябусӣ буд.
[17] Ва ҳангоме ки Довуд фариштаи нобудкунандаи қавмро дид, ба Худо сухан ронда, гуфт: «Инак, ман гуноҳ кардаам ва ман каҷкорӣ намудаам, вале ин гӯсфандон чӣ кардаанд? Бигзор дасти Ту бар ман ва бар хонадони падарам бошад».
[18] Ва Ҷод дар он рӯз назди Довуд омада, гуфт: «Баромада, дар хирмангоҳи Аравнои ябусӣ қурбонгоҳе барои Худованд барпо намо».
[19] Ва Довуд бар тибқи сухани Ҷод, чунон ки Худованд амр фармуда буд, баромад.
[20] Ва Аравно назар андохта, подшоҳ ва навкаронашро дид, ки дар наздикии ӯ гузар мекунанд; ва Аравно берун омад, ва рӯ ба замин афтода, ба подшоҳ саҷда бурд.
[21] Ва Аравно гуфт: «Барои чӣ оғоям подшоҳ назди бандаи худ омадааст?» Ва Довуд гуфт: «Барои он ки хирмангоҳро аз ту харида, қурбонгоҳе барои Худованд барпо намоям, то ки вабо аз қавм дур шавад».
[22] Ва Аравно ба Довуд гуфт: «Бигзор оғоям подшоҳ он чиро, ки дар назараш писанд ояд, гирифта, қурбонӣ кунад: инак, говҳо барои қурбонии сӯхтанӣ, ва ғаллакӯбакҳо ва асбоби говҳо барои ҳезум.
[23] Ҳамаи инро, эй подшоҳ, Аравно ба подшоҳ медиҳад». Ва Аравно ба подшоҳ гуфт: «Бигзор Худованд бар ту таваҷҷӯҳ намояд!»
[24] Ва подшоҳ ба Аравно гуфт: «Не, балки аз ту ба қиммати пурраи он хоҳам харид, ва барои Худованд Худои худ чизи муфтро қурбонӣ нахоҳам кард». Ва Довуд хирмангоҳ ва говҳоро ба панҷоҳ сиқл нуқра харид.
[25] Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, курбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ овард. Ва Худованд ба мамлакат марҳамат намуд, ва вабо аз Исроил дур шуд.