[1] Ва чун ибни Шоул шунид, ки Абнир дар Ҳебрӯн мурдааст, дастҳояш суст шуд, ва тамоми Исроил ба изтироб омаданд.
[2] Ва ибни Шоул ду марде дошт, ки сардорони фавҷҳо буданд; номи яке Баано ва номи дигаре Рекоб буда, онҳо писарони Риммӯни баэрӯтӣ, аз банӣ‐Биньёмин буданд, зеро ки Баэрӯт низ ба Биньёмин тааллуқ дошт.
[3] Ва баэрӯтиён ба Ҷиттоим гурехта рафтанд, ва то имрӯз дар он ҷо иқомат доранд.
[4] Ва Йӯнотон ибни Шоул писари ланге дошт; ӯ панҷсола буд, ки хабари Шоул ва Йӯнотон аз Изреъил расид, ва дояаш ӯро бардошта гурехт, ва ҳангоме ки вай ба гурехтан шитоб менамуд, ӯ афтода, ланг шуд; ва номаш Мефибӯшет буд.
[5] Ва писарони Риммӯни баэрӯтӣ, Рекоб ва Баано, рафта, дар вақти гармии рӯз ба хонаи Ишбӯшет расиданд; ва ӯ дар хоби пешинӣ буд.
[6] Ва онҳо бо баҳонаи гирифтани гандум ба даруни хона даромада, ба шиками ӯ зарба заданд; ва Рекоб ва бародараш Баано гурехтанд.
[7] Вақте ки ба хона даромаданд, ӯ дар хонаи хоб бар бистараш хобида буд, ва онҳо ӯро зарба зада, куштанд, ва сарашро аз танаш ҷудо карда, гирифтанд, ва тамоми шаб дар саҳро роҳ паймуданд.
[8] Ва сари Ишбӯшетро назди Довуд ба Ҳебрӯн оварда, ба подшоҳ гуфтанд: «Инак сари Ишбӯшет ибни Шоули душманат, ки қасди ҷони ту дошт; ва имрӯз Худованд интиқоми оғои мо подшоҳро аз Шоул ва насли вай гирифтааст».
[9] Ва Довуд ба Рекоб ва бародараш Баано, писарони Риммӯни баэрӯтӣ, ҷавоб гардонда, ба онҳо гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки ҷони маро аз ҳар тангӣ раҳонидааст!
[10] Ҳангоме ки шахсе ба ман хабар дода, гуфт: „Инак, Шоул мурдааст“, ва худро муждавар мепиндошт, ман варо гирифта, дар Сиқлоҷ куштам, ва ҳол он ки вай умедвор буд, ки ман ба вай муждагонӣ хоҳам дод,
[11] Алалхусус ҳоло, ки шахсони шарир марди бегуноҳро дар хонааш бар бистараш куштаанд, наход ки ман хуни ӯро аз дасти шумо талаб накунам, ва шуморо аз рӯи замин маҳв нанамоям?»
[12] Ва Довуд ба навкаронаш амр фармуд, ва онҳоро кушта, дастҳо ва пойҳошонро қатъ карданд, ҷасадҳошонро назди ҳавзи Ҳебрӯн овехтанд; ва сари Ишбӯшетро гирифта, дар қабри Абнир дар Ҳебрӯн дафн карданд.