Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ба яке аз шаҳрҳои Яҳудо бароям?» Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Баро». Ва Довуд гуфт: «Ба куҷо бароям?» Гуфт: «Ба Ҳебрӯн».

[2] Ва Довуд ба он ҷо баромад, ва ду занаш низ: Аҳинӯами изреъилӣ ва Абиҷайл, зани Ноболи кармилӣ.

[3] Ва Довуд одамонеро, ки бо ӯ буданд, бо аҳли байти ҳар яке баровард, ва онҳо дар шаҳрҳои Ҳебрӯн сокин шуданд.

[4] Ва мардони Яҳудо омада, дар он ҷо Довудро тадҳин намуданд, то ки бар хонадони Яҳудо подшоҳ бошад; ва ба Довуд хабар дода, гуфтанд: «Мардуми Ёбиш‐Ҷилъод Шоулро дафн карданд».

[5] Ва Довуд қосидонро назди мардуми Ёбиш‐Ҷилъод фиристода, ба онҳо гуфт: «Шумо аз ҷониби Худованд муборак бошед, барои он ки ба оғои худ Шоул чунин эҳсон намуда, ӯро дафн кардаед.

[6] Ва алҳол бигзор Худованд ба шумо бо зҳсон ва садоқат подош диҳад; ва ман низ ба шумо чунин некӣ хоҳам намуд, барои он ки ин корро кардаед.

[7] Ва алҳол бигзор дастҳои шумо қавӣ бошад, ва шумо далер бошед, зеро ки оғои шумо Шоул мурдааст; ва низ маро хонадони Яҳудо бар худ ба подшоҳӣ тадҳин карданд».

[8] Валекин Абнир ибни Нир, ки сарлашкари Шоул буд, писари Шоул Ишбӯшетро гирифта, ӯро ба Маҳаноим гузаронид.

[9] Ва ӯро бар Ҷилъод, ва бар Ашурӣ, ва бар Изреъил, ва бар Эфроим, ва бар Биньёмин, ва бар тамоми Исроил подшоҳ гардонид.

[10] Ишбӯшет ибни Шоул, вақте ки бар Исроил подшоҳ гардид, чилсола буд, ва ду сол подшоҳӣ кард; фақат хонадони Яҳудо дар тобеияти Довуд буданд.

[11] Ва муддати айёме ки Довуд дар Ҳебрӯн бар хонадони Яҳудо подшоҳ буд, ҳафт сол ва шаш моҳ буд.

[12] Ва Абнир ибни Нир ва навкарони Ишбӯшет ибни Шоул аз Маҳаноим ба Ҷибъӯн берун омаданд.

[13] Ва Юоб ибни Саруё ва навкарони Довуд берун омада, назди ҳавзи Ҷибъӯн бо онҳо вохӯрданд; ва инҳо дар ин тарафи ҳавз, ва онҳо дар он тарафи ҳавз ҷойгир шуданд.

[14] Ва Абнир ба Юоб гуфт: «Бигзор ҷавонон бархезанд ва пеши мо бозӣ кунанд». Ва Юоб гуфт: «Бигзор бархезанд».

[15] Ва онҳо бархоста, мувофиқи шумора убур карданд: дувоздаҳ нафар барои Биньёмин ва барои Ишбӯшет ибни Шоул, ва дувоздаҳ нафар аз навкарони Довуд.

[16] Ва ҳар яке сари ҳарифашро дошта, шамшери худро ба биқини вай зад, ва якҷоя фурӯ ғалтиданд. Ва ба ин сабаб он макон, ки дар Ҷибъӯн аст, Ҳелқат‐Ҳасурим номида шудааст.

[17] Ва дар он рӯз ҳарбу зарби бағоят сахте ба амал омад; ва Абнир ва мардони Исроил пеши навкарони Довуд мағлуб гардиданд.

[18] Ва се писари Саруё: Юоб ва Абишой ва Асоил дар он ҷо буданд; ва Асоил мисли оҳуи саҳро тезпо буд.

[19] Ва Асоил Абнирро таъқиб намуд, ва дар дунболагирии Абнир ба тарафи рост ё чап майл накард.

[20] Ва Абнир ба ақиб назар андохта, гуфт: «Оё ин туӣ, Асоил?» Гуфт: «Манам».

[21] Ва Абнир ба ӯ гуфт: «Ба тарафи рост ё чапи худ майл карда, яке аз ин ҷавононро дастгир намо ва либосу аслиҳаи варо барои худ бигир». Вале Асоил нахост, ки аз ақиби ӯ давиданашро бас кунад.

[22] Ва бори дигар Абнир ба Асоил гуфт: «Аз ақиби ман давиданатро бас кун, мабодо туро зада, ба замин ғалтонам; ва ман чӣ гуна рӯи худро ба бародарат Юоб нишон медиҳам?»

[23] Вале ӯ давиданро бас накард, ва Абнир ӯро бо кунӣ найзаи худ ба шикамаш зад, ва найза аз пушташ зада баромад, ва ӯ дар он ҷо афтода, ҷо ба ҷо мурд. Ва ҳар кас, ки ба макони афтодану мурдани Асоил меомад, ҳайрон шуда меистод.

[24] Ва Юоб ва Абишой Абнирро таъқиб карданд, ва баробари фурӯ рафтани офтоб онҳо ба тали Аммо, ки рӯ ба рӯи Ҷиҳа мебошад, бо роҳи биёбони Ҷибъӯн расиданд.

[25] Ва банӣ‐Биньёмин назди Абнир ҷамъ омада, як гурӯҳ шуданд, ва бар қуллаи як тал биистоданд.

[26] Ва Абнир Юобро даъват намуда, гуфт: «Оё шамшер то абад ба ҳалокат расонад? Оё намедонӣ, ки оқибати кор ба талхӣ хоҳад анҷомид? Ва то ба кай ба қавм намегӯӣ, ки бародарони худро дигар дунболагирӣ накунанд?»

[27] Ва Юоб гуфт: «Касам ба ҳаёти Худо, ки агар ту он суханонро намегуфтӣ, аз худи субҳ қавм дунболагирии бародарони худро бас мекарданд».

[28] Ва Юоб шох навохт, ва тамоми қавм биистоданд, ва исроилиёнро дигар таъқиб накарданд, ва ҷангро дигар давом надоданд.

[29] Ва Абнир ва одамонаш тамоми он шаб дар сахро роҳ рафта, аз Урдун гузаштанд ва тамоми Битрунро тай карда, ба Маҳаноим омаданд.

[30] Ва Юоб аз дунаболагирии Абнир баргашта, тамоми қавмро ҷамъ кард, ва аз навкарони Довуд, ғайр аз Асоил, нуздаҳ нафар кам буданд.

[31] Ва навкарони Довуд биньёминиён ва одамони Абнирро зарба заданд, ки аз онҳо сесаду шаст нафар мурданд.

[32] Ва Асоилро бардошта бурданд, ва ӯро дар мақбараи падараш, ки дар Байт‐Лаҳм аст, дафн карданд; ва Юоб ва одамонаш тамоми шаб роҳ паймуда, баробари дамидани субҳ ба Ҳебрӯн расиданд.

Китоби дуюми Подшоҳон — Chapters