Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Довуд қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз назар гузаронид, ва бар онҳо мириҳазорхо ва мирисадҳоро таъин намуд.

[2] Ва Довуд қавмро равона кард: сеякашонро бо сардории Юоб, ва сеякашонро бо сардории Абишой ибни Саруё, бародари Юоб, ва сеякашонро бо сардории Иттои ҷаттӣ; ва подшоҳ ба қавм гуфт: «Ман низ бо шумо берун хоҳам омад».

[3] Валекин қавм гуфтанд: «Берун наой, зеро ки агар мо рӯ ба гурез оварем, ба ин аҳамият нахоҳанд дод; ва ҳатто агар нисфи мо бимирем, ба ин аҳамият нахоҳанд дод, зеро ки ту мисли даҳ ҳазори мо ҳастӣ: ва алҳол беҳтар аст, ки ба мо аз шаҳр ёварӣ намоӣ».

[4] Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Он чи ба назари шумо писанд ояд, хоҳам кард». Ва подшоҳ назди дарвоза истод, ва тамоми қавм дар шакли фавҷҳои саднафарӣ ва ҳазорнафарӣ берун рафтанд.

[5] Ва подшоҳ ба Юоб ва Абишой ва Иттой амр фармуда, гуфт: «Ба хотири ман бо Абшолӯми ҷавон эҳтиёт бошед». Ва ҳангоме ки подшоҳ ба ҳамаи сардорон дар бораи Абшолӯм фармон дод, тамоми қавм шуниданд.

[6] Ва қавм ба пешвози исроилиён ба саҳро баромаданд, ва дар ҷангали Эфроим ҳарбу зарб ба амал омад.

[7] Ва дар он ҷо қавми Исроил аз дасти навкарони Довуд шикаст хӯрданд, ва дар он рӯз мағлубияти азиме дар он ҷо рӯй дода, бист ҳазор нафар талаф гардиданд.

[8] Ва ҷанг дар он ҷо бар рӯи тамоми замин паҳн шуд; ва дар он рӯз қавм аз ҷангал бештар талаф гардиданд, назар ба он ки аз шамшер талаф гардиданд.

[9] Ва Абшолӯм тасодуфан ба навкарони Довуд дучор омад; ва Абшолӯм бар хачире савор буд, ва хачир ба таги шохаҳои печ дар печи булути бузурге даромад, ва сари ӯ дар шохаҳои булут андармон шуд, ва ӯ дар миёни осмон ва замин муаллақ монд, ва хачире ки дар тагаш буд, гузашта рафт.

[10] Ва шахсе инро дид ва ба Юоб хабар дода, гуфт: «Инак, Абшолӯмро дидам, ки дар шохаҳои булут овезон аст».

[11] Ва Юоб ба шахсе ки ба ӯ хабар дода буд, гуфт: «Инак, ту дидаӣ, пас чаро ӯро дар он ҷо зада ба замин нағалтонидаӣ? Ва ман ба ту даҳ сиқл нуқра ва камарбанде медодам».

[12] Ва он шахс ба Юоб ҷавоб гардонида, гуфт: «Агар ба дастам ҳатто ҳазор сиқл нуқра медоданд, ман дасти худро бар писари подшоҳ дароз намекардам, зеро ки ба ту ва Абишой ва Иттой ба самъи мо амр фармуда, гуфт: „Ба хотири ман ҳар яке аз шумо бо Абшолӯми ҷавон эҳтиёт бошед“.

[13] Ҳатто агар ман ба ҷони худ ҷабр карда, дурӯғ мегуфтам, ҳеҷ чиз, охир, аз подшоҳ пинҳон намемонад, ва худи ту бар зидди ман қиём менамудӣ».

[14] Ва Юоб гуфт: «Раво нест, ки пеши ту даранг намоям». Ва ӯ се тир ба дасташ гирифта, онҳоро ба дили Абшолӯм халонид, дар сурате ки вай ҳанӯз дар миёни шохаҳои булут зинда буд.

[15] Ва даҳ навкар, ки силоҳбардорони Юоб буданд, даври Абшолӯмро гирифтанд ва ӯро зада куштанд.

[16] Ва Юоб шох навохт, ва қавм аз таъқиб кардани Исроил баргаштанд, зеро ки Юоб қавмро манъ намуд.

[17] Ва Абшолӯмро гирифтанд, ва ӯро дар чуқурии калоне ки дар ҷангал буд, андохтанд, ва бар ӯ сангтӯдаи бағоят бузурге барпо карданд, ва тамоми Исроил, ҳар яке ба хаймаи худ, пароканда шуданд.

[18] Ва Абшолӯм, вақте ки дар қайди ҳаёт буд, барои худ сутуне барпо кард, ки он дар водии подшоҳ аст; зеро ки гуфт: «Писаре надорам, ки номи ман ба воситаи вай зикр карда шавад»; ва он сутунро ба номи худ хонд, ва он то имрӯз сутуни Абшолӯм номида мешавад.

[19] Ва Аҳимаас ибни Содӯқ гуфт: «Изн бидеҳ, ки биравам ва мужда ба подшоҳ бирасонам, ки Худованд доварӣ намуда, ӯро аз дасти душманонаш халосӣ додааст».

[20] Вале Юоб ба вай гуфт: «Ту имрӯз муждавар нестӣ, балки рӯзи дигаре мужда хоҳӣ расонид, вале имрӯз мужда нахоҳӣ расонид, чунки писари подшоҳ мурдааст».

[21] Ва Юоб ба Кушӣ гуфт: «Бирав ва аз он чи дидаӣ, ба подшоҳ хабар бирасон». Ва Кушӣ ба Юоб саҷда намуда, давид.

[22] Ва Аҳимаас ибни Содӯқ боз ба Юоб муроҷиат намуда, гуфт: «Ҳар чи бодо бод; изн бидеҳ, ки ман низ аз ақиби Кушӣ бидавам». Вале Юоб гуфт: «Ҷаро ту мехоҳӣ бидавӣ, эй писарам? Ин мужда, охир, ба ту мукофоте нахоҳад овард».

[23] Вай гуфт: «Ҳар чи бодо бод; ман мехоҳам биравам». Ва ӯ ба вай гуфт: «Пас, бидав». Ва Аҳимаас бо роҳи водӣ давида, аз Кушӣ пеш гузашт.

[24] Ва Довуд дар миёни ду дарвоза нишаста буд. Ва дидбон аз боми дарвоза ба болои ҳисор баромад, ва чашмони худро баланд карда, дид, ки инак, шахсе танҳо медавад.

[25] Ва дидбон фарьёд зада, ба подшоҳ хабар дод. Ва подшоҳ гуфт: «Агар танҳо бошад, муждае дар забони ӯст». Ва он шахс торафт наздик меомад.

[26] Ва дидбон шахси дигарро дид, ки медавад, ва дидбон ба дарвозабон фарьёд зада, гуфт: «Инак, боз шахсе танҳо медавад». Ва подшоҳ гуфт: «Ин низ муждавар аст».

[27] Ва дидбон гуфт: «Ман давидани шахси аввалинро мебинам, ки мисли давидани Аҳимаас ибни Содӯқ аст». Ва подшоҳ гуфт: «Ин шахси хуб аст, ва муждаи хуб меоварад».

[28] Ва Аҳимаас нидо карда, ба подшоҳ гуфт: «Саломатист!» Ва пеши подшоҳ бар рӯи худ то замин саҷда бурда, гуфт: «Муборак аст Худованд Худои ту, ки мардумеро, ки ба оғоям подшоҳ дасти таҷовуз дароз карда буданд, таслим намуд!».

[29] Ва подшоҳ гуфт: «Оё Абшолӯми ҷавон саломат аст?» Ва Аҳимаас гуфт: «Вақте ки Юоб, бандаи подшоҳ, бандаи туро фиристод, издиҳоми бузурге дидам, вале надонистам, ки чӣ буд».

[30] Ва подшоҳ гуфт: «Бигард ва ин ҷо биист». Вай гашта онсӯтар рафт ва истод.

[31] Ва инак, Кушӣ омад. Ва Кушӣ гуфт: «Оғоям подшоҳ ин муждаро қабул фармояд, ки Худованд имрӯз доварӣ намуда, туро аз дасти ҳамаи онҳое ки бар зидди ту қиём карда буданд, раҳоӣ додааст».

[32] Ва подшоҳ ба Кушӣ гуфт: «Оё Абшолӯми ҷавон саломат аст?» Ва Кушӣ гуфт: «Душманони оғоям подшоҳ ва ҳамаи онҳое ки бар ту барои бадӣ қиём мекунанд, мисли он ҷавон бишаванд!»

[33] Ва подшоҳ ба изтироб омад ва ба ҳуҷраи болои дарвоза баромада, гирья кард; ва ҳангоми қадам заданаш чунин мегуфт: «Вой писарам Абшолӯм! Вой писарам, писарам Абшолӯм! Кошки ман ба ҷои ту мемурдам, вой Абшолӯм писарам, писарам!»

Китоби дуюми Подшоҳон — Chapters