[1] Ва Довуд, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз дасти ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул раҳо кард, суханони ин сурудро барои Худованд ба забон ронд,
[2] Ва гуфт: «Худованд сахраи ман ва қалъаи ман ва раҳокунандаи ман аст.
[3] Худо кӯҳпораи ман аст, ки ба вай паноҳ мебарам; сипари ман ва шохи наҷоти ман аст, паноҳгоҳ ва гурезгоҳи ман аст. Эй наҷотдиҳандаи ман, Ту маро аз зулм халосӣ медиҳӣ.
[4] Худованди мамдӯҳро мехонам, ва аз душманонам халосӣ меёбам.
[5] Вақте ки мавҷҳои мамот маро фаро гирифт, селҳои ҳалокат маро ба ҳарос андохт,
[6] Азиятҳои гӯр маро иҳота намуд, ва домҳои мамот аз пешам баромад, —
[7] Дар тангии худ Худовандро хондам, ва Худои худро даъват намудам, ва Ӯ аз қасри Худ овози маро шунид, ва истиғосаи ман ба гӯшаш расид.
[8] Ва замин ба ҳаяҷон ва ларза омад, асосҳои осмон ларзида, ба ҷунбиш омад, зеро ки Ӯ дарғазаб шуд.
[9] Дуд аз димоғи Ӯ баромад, ва оташи оламсӯз аз даҳони Ӯ; ахгарҳо аз Ӯ афрӯхта мешуд.
[10] Ва Ӯ осмонро хам карда, фурӯд омад, ва меғ зери пойҳояш буд.
[11] Ва бар каррубӣ савор шуда, парвоз намуд, ва бар болҳои бод намоён шуд.
[12] Ва гирдогирди Худ зулмотро мисли чодире густаронид, ва маҷмӯи обҳои абрҳои осмонро.
[13] Аз дурахше ки аз ҳузури Ӯ берун меомад, ахгарҳои оташ афрӯхта мешуд.
[14] Худованд аз осмон гулдуррос зад, ва Ҳаққи Таоло овози Худро баровард.
[15] Ва тирҳо фиристода, онҳоро пароканда кард, ва барқ афканда, онҳоро ошуфта сохт.
[16] Ва маҷроҳои об намоён гардид, ва асосҳои коинот ошкор шуд, — аз итоби Худованд, аз вазиши боди ғазаби Ӯ.
[17] Аз афроз фиристода, маро гирифт, аз обҳои бисьёр маро кашида баровард.
[18] Маро аз душмани зӯроварам халосӣ дод, ва аз бадхоҳонам, ки аз ман қавитар буданд.
[19] Онҳо дар рӯзи мусибатам аз пешам баромаданд, вале Худованд такьягоҳи ман буд,
[20] Ва маро ба фарохӣ баровард, маро халосӣ дод, зеро ки Ӯ маро дӯст медорад.
[21] Худованд ба ман мувофиқи адолатам подош медиҳад, мувофиқи покии дастҳоям маро мукофот менамояд,
[22] Зеро ки ман тариқҳои Худовандро риоя кардаам, ва аз Худои худ шарирона нагаштаам;
[23] Чунки тамоми аҳкоми Ӯ пеши назари ман аст, ва аз фароизи Ӯ ман дур нашудаам.
[24] Ман ба ҳузури Ӯ беайб будам, ва аз маъсиятҳо худдорӣ кардаам.
[25] Ва Худованд маро мувофиқи адолатам мукофот намуд, ва мувофиқи покие ки пеши назари Ӯ доштам.
[26] Бо эҳсонкор Ту эҳсонкорӣ мекунӣ, бо марди росткор росткорӣ менамоӣ.
[27] Бо покдил Ту покдилона рафтор мекунӣ, ва бо каҷкор — мувофиқи каҷкории вай.
[28] Ва мардуми шикастанафсро Ту наҷот медиҳӣ, ва бо нигоҳи чашмони Худ мағруронро залил мегардонӣ.
[29] Ба яқин Ту чароғи ман ҳастӣ, эй Худованд! Ва Худованд зулмоти маро ба рӯшноӣ табдил медиҳад.
[30] Ба яқин бо Ту ман бар фавҷе тохт меоварам; бо Худои худ ман аз ҳисор ҷаста мегузарам.
[31] Тариқи Худо рост аст, каломи Худованд амин аст, ва Ӯ барои ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд, сипар аст.
[32] Зеро кист Худо, ғайр аз Худованд, ва кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?
[33] Худо қалъаи иқтидори ман аст, ва тариқи маро рост мекунад.
[34] Пойҳои маро мисли пои гавазнҳо мегардонад, ва бар баландиҳоям маро мегузорад.
[35] Дастҳои маро ба ҳарбу зарб омӯхта мекунад, ва камони мисин дар бозуҳоям мешиканад.
[36] Ва сипари наҷоти Худро ба ман ато намудӣ, ва иҷобати Ту маро сарафроз месозад.
[37] Қадамҳои маро дар таги ман васеъ кардӣ, ва пойҳоям налағжид.
[38] Ва душманонамро таъқиб менамоям, то ки онҳоро нест кунам, ва то маҳв нашаванд, барнамегардам.
[39] Ва онҳоро нест кардам ва зарба задам, ба тавре ки дигар нахоҳанд бархост; ва онҳо зери пойҳои ман афтоданд.
[40] Ва Ту камари маро барои ҷанг мустаҳкам бастӣ; онҳоеро, ки ба зидди ман қиём мекунанд, ба зери ман тобеъ хоҳӣ намуд.
[41] Ва душманонамро Ту аз пеши ман гурезондӣ, ва ман адуёнамро несту нобуд кардам.
[42] Онҳо мадад металабанд, вале наҷотдиҳандае нест; ба Худованд рӯй меоваранд, вале Ӯ онҳоро иҷобат наменамояд.
[43] Ва ман онҳоро мисли ғубори замин гард‐гард мекунам, мисли лои кӯчаҳо пахш ва поймол менамоям.
[44] Ва Ту маро аз исьёнҳои қавми ман халосӣ додӣ; Ту маро маҳфуз доштӣ, то ки сардори халқҳо гардам; қавме ки ман намешинохтам, ба ман бандагӣ мекунанд.
[45] Аҷнабиён пеши ман тамаллуқ менамоянд, фақат овозаи маро шунида, ба ман тобеъ мешаванд.
[46] Аҷнабиён пажмурда хоҳанд шуд, ва аз истеҳкомоти худ бо тарсу бим берун хоҳанд омад.
[47] Худованд зинда аст, ва кӯҳпораи ман муборак; ва Худои кӯҳпораи наҷоти ман сарафроз бод!
[48] Эй Худое ки интиқоми маро мегирӣ, ва қавмҳоро ба ман тобеъ менамоӣ,
[49] Ва маро аз душманонам халосӣ медиҳӣ, ва маро аз онҳое ки бар ман қиём мекунанд, баланд мегардонӣ! Ту маро аз шахси золим раҳонидаӣ.
[50] Бинобар ин ман Туро, эй Худованд, дар миёни халқҳо ҳамд хоҳам гуфт, ва исми Туро тараннум хоҳам намуд.
[51] Ӯ бурҷи наҷот аст барои подшоҳи Худ, ва Ӯ ба масеҳи Худ марҳамат менамояд, яъне ба Довуд ва насли вай то абад!»