[1] Ва Худованд Нотонро назди Довуд фиристод, ва вай назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Дар шаҳре ду мард буданд, яке сарватдор ва дигаре камбағал.
[2] Сарватдор гӯсфандон ва говони бағоят бисьёр дошт,
[3] Вале камбағал чизе чуз як меши майдаяк надошт, ки онро харида парварида буд, ва он назди ӯ бо якҷоягии бачагонаш калон мешуд: аз нони ӯ мехӯрд ва аз косаи ӯ менӯшид ва дар бағали ӯ мехобид, ва барои ӯ мисли духтар буд.
[4] Ва мусофире назди марди сарватдор омад, ва ӯ дареғ дошт, ки аз гӯсфандон ва говони худ гирифта, барои меҳмоне ки назди ӯ омадааст, хӯроке тайёр кунад, балки меши марди камбағалро гирифта, барои шахсе ки назди ӯ омада буд, хӯрок тайёр кард».
[5] Ва хашми Довуд бар он мард бағоят аланга зад, ва ӯ ба Нотон гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки марде ки чунин амал кардааст, сазовори қатл аст!
[6] Ва барои меш вай бояд чор баробар талофӣ диҳад: аз барои он ки чунин амал кардааст, ва аз барои он ки тараҳҳум нанамудааст».
[7] Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Он мард ту ҳастӣ! Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ман туро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намудам, ва Ман туро аз дасти Шоул раҳоӣ додам;
[8] Ва хонаи оғоятро ба ту додам ва занони оғоятро ба оғӯши ту; ва хонадони Исроил ва Яхудоро ба ту додам, ва агар ин кам бошад, ба ту боз ва боз илова менамудам.
[9] Пас чаро ту ба каломи Худованд беэътиноӣ намуда, он чиро, ки дар назари Ӯ бад аст, ба амал овардӣ? Уриёи ҳиттиро бо шамшер зарба зада, занашро барои худ ба занӣ гирифтӣ; ва ӯро бо шамшери банӣ‐Аммӯн куштӣ.
[10] Ва алҳол шамшер аз хонадони ту то абад дур нахоҳад шуд, ба он сабаб ки ба Ман беэътиноӣ намудӣ, ва зани Уриёи ҳиттиро гирифтӣ, то ки зани ту бошад“.
[11] Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман аз хонаи худат ба сари ту бадӣ хоҳам овард, ва занони туро пеши назари ту гирифта, ба ёри ту хоҳам дод, ва ӯ пеши назари ин офтоб бо занони ту хоҳад хобид.
[12] Дар сурате ки ту ин корро пинҳонӣ кардаӣ, Ман ин корро пеши назари тамоми Исроил ва пеши назари офтоб ба ҷо хоҳам овард“».
[13] Ва Довуд ба Нотон гуфт: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам». Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Худованд низ аз гуноҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд.
[14] Аммо азбаски ту бо ин кор сабаби куфр гуфтани душманони Худованд гардидаӣ, он писар низ, ки барои ту таваллуд ёфтааст, албатта хоҳад мурд».
[15] Ва Нотон ба хонаи худ рафт. Ва Худованд бачаеро, ки зани Уриё барои Довуд зоида буд, гирифтори беморӣ кард, ва бемории вай сахт буд.
[16] Ва Довуд аз Худо барои кӯдак илтимос намуд; ва Довуд рӯза дошт, ва омада, бар рӯи замин хобида шабро мегузаронид.
[17] Ва пирони хонааш назди ӯ омада, саъю кӯшиш мекарданд, ки ӯро аз замин бархезонанд, вале ӯ розӣ намешуд, ва ҳамроҳи онҳо нон намехӯрд.
[18] Ва дар рӯзи ҳафтум бача мурд; ва навкарони Довуд тарсиданд, ки мурдани бачаро ба ӯ хабар диҳанд, зеро ки ба ҳамдигар мегуфтанд: «Инак, вақте ки бача зинда буд, мо ба ӯ сухан рондем, ва ӯ ба овози мо гӯш надод; пас, чӣ гуна ба ӯ бигӯем, ки бача мурдааст? Шояд, ӯ кори баде бо худ бикунад».
[19] Ва Довуд дид, ки навкаронаш ба якдигар пичиррос мезананд, ва Довуд фаҳмид, ки бача мурдааст; ва Довуд ба навкаронаш гуфт: «Оё бача мурдааст?» Гуфтанд: «Мурдааст».
[20] Ва Довуд аз замин бархоста, худро шустушӯ ва тадҳин намуд, ва либосашро иваз кард, ва ба хонаи Худованд рафта, ибодат намуд, ва ба хонаи худ омада, хӯрок пурсид, ва пеши ӯ нон монданд, ва ӯ хӯрд.
[21] Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ: вақте ки бача зинда буд, рӯза дошта гирья кардӣ, ва чун бача мурд, бархоста нон хурдӣ?»
[22] Ва ӯ гуфт: «То даме ки бача зинда буд, ман рӯза дошта гирья кардам, зеро ки ба дили худ гуфтам: „Шояд, Худованд ба ман марҳамат намояд, ва бача зинда монад“.
[23] Ва алҳол вай мурдааст, пас чаро ман рӯза дорам? Оё ман метавонам варо баргардонам? Ман назди вай хоҳам рафт, вале вай назди ман нахоҳад баргашт».
[24] Ва Довуд зани худ Батшобаъро тасаллӣ дод, ва назди вай даромада, бо вай хобид, ва вай писаре зоид, ва ӯро Сулаймон ном ниҳод, ва Худованд ӯро дӯст дошт.
[25] Ва ба воситаи Нотони набӣ хабар фиристод, ва вай ӯро ба хотири Худованд Едидёҳ ном ниҳод.
[26] Ва Юоб бо Раббаи банӣ‐Аммӯн ҷанг карда, шаҳри подшоҳнишинро гирифт.
[27] Ва Юоб қосидонро назди Довуд фиристода, гуфт: «Бо Рабба ҷанг карда, обанбори шаҳрро низ гирифтам.
[28] Ва алҳол бақияи қавмро ҷамъ намо, ва бар зидди шаҳр ӯрду зада, онро бигир; мабодо ман шаҳрро бигирам, ва он ба номи ман хонда шавад».
[29] Ва Довуд тамоми қавмро ҷамъ намуда, сӯи Рабба рафт, ва бо он ҷанг карда, онро гирифт.
[30] Ва тоҷи подшоҳи онҳоро аз сараш гирифт, ки вазнаш як киккар буд ва санги гаронбаҳое дошт, ва онро бар сари Довуд гузоштанд; ва ӯ ғанимати бағоят зиёде аз шаҳр берун овард.
[31] Ва қавмеро, ки дар он буданд, берун овард, ва онҳоро зери арраҳо ва ғаллакӯбакҳои оҳанин ва табарҳои оҳанин гузошт, ва онҳоро ба корҳои хумдони хиштпазӣ баргумошт; ва бо ҳамаи шаҳрҳои банӣ‐Аммӯн чунин амал кард; ва Довуд ва тамоми қавм ба Ерусалим баргаштанд.