Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:21

[1] Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада

[2] диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти нопок, яъне ношуста хӯрок мехӯранд.

[3] Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодонашон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд.

[4] Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд, намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла, дегу табақҳои биринҷӣ ва катҳо.

[5] Фарисиён ва устодони шариат аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои ҳаром хӯрок мехӯранд?»

[6] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо, дурӯяҳо дуруст пешгӯйӣ кардааст: „Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст.

[7] Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд, чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“

[8] Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед.

[9] Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ, моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.

[10] Масалан, Худо ба воситаи Мусо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“.

[11] Шумо бошед, чунин таълим медиҳед: „Агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад,

[12] иҷозат дорад, ки дигар ба падару модараш ягон кӯмаке накунад“.

[13] Ҳамин тавр шумо фармудаҳои Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли инро мекунед».

[14] Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки

[15] ҳар чи аз берун ба даруни одам медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».

[17] Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд.

[18] Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чи ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад?

[19] Чунки хӯрок ба дили шумо намедарояд, балки аз шиками шумо гузашта, берун мебарояд». Бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст.

[20] Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад.

[21] Чунки маҳз аз дарун, аз дили инсон хаёлоти бад, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, қатл, зино, бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду туҳмат, мағрурӣ ва бефаросатӣ пайдо мешавад.

[23] Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».

[24] Аз он ҷо Исо ба наздикиҳои шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад, вале натавонист пинҳон бимонад.

[25] Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод.

[26] Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо ҷинро аз духтараш берун кунад.

[27] Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба назди сагон партофтан нодуруст аст».

[28] Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, Хоҷаам, вале сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро мехӯранд».

[29] Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, чунки ҷин аз духтарат берун шудааст».

[30] Зан ба хонааш омада дид, ки духтараш ором хобидааст ва ҷин аз вай берун шудааст.

[31] Сипас, Исо аз шаҳри Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи баҳри Ҷалил ба ноҳияи Даҳшаҳр равона шуд.

[32] Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.

[33] Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд.

[34] Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад.

[35] Он мард ҳамон лаҳза шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданду забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зад.

[36] Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд. Вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, ҳамон қадар зиёдтар онҳо овозаҳо паҳн мекарданд.

[37] Мардум ба ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд».

Марқӯс — Chapters