Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:12

[1] Бори дигар Исо дар соҳили баҳр ба мардум таълим медод. Азбаски тӯда-тӯда одамон дар гирдаш ҷамъ шуданд, Ӯ ба қаиқе нишаст ва одамон бошанд, дар соҳил меистоданд.

[2] Ӯ бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо таълим дод. Ӯ гуфт:

[3] «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан ба киштзор меравад.

[4] Ҳангоми дона коштанаш як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд.

[5] Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад.

[6] Вале бо баромадани офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштанаш хушк мешавад.

[7] Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида, майсаи навсабзидаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад.

[8] Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад».

[9] Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»

[10] Вақте ки Ӯ танҳо буд, пайравонаш ҳамроҳи дувоздаҳ фиристода аз Ӯ маънои масалро пурсиданд.

[11] Исо ҷавоб дод: «Фаҳмиши сирри Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо масалҳо таълим дода мешавад,

[12] то ки онҳо „бо чашмони худ бинанду дарк накунанд, бо гӯшҳои худ гӯш кунанду нафаҳманд ва ба Худо рӯ наоварданд, то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“».

[13] Баъд Исо аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?

[14] Деҳқон каломи Худоро мекорад.

[15] Донаҳое, ки ба пайраҳа меафтанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошташударо медуздад.

[16] Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, дарҳол бо шодӣ онро қабул мекунанд,

[17] вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе устувор меистанд. Баъд ба хотири он ки ба каломи Худо бовар мекунанд, ба душворӣ ва азоб дучор шуда, зуд имони худро аз даст медиҳанд.

[18] Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд,

[19] аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи сарват ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд.

[20] Вале донаҳои ба замини ҳосилхез афтода, касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанду сӣ, шаст ва сад баробар бештар самар меоранд».

[21] Баъд Ӯ аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери зарф ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд?

[22] Ҳамин тавр, ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки равшан нагардад.

[23] Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!

[24] Суханонеро, ки мешунавед, бодиққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг ва ҳатто зиёдтар аз он барои шумо бармекашанд.

[25] Зеро ба ҳар касе кӣ чизе дорад, боз дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке ки дорад, гирифта мешавад».

[26] Исо суханони Худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад

[27] ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки донаҳо чӣ гуна сабзида, нашъунамо меёбанд.

[28] Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад.

[29] Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст».

[30] Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ муқоиса кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем?

[31] Вай монанди тухми хардалест, ки ҳангоми дар замин коштан аз ҳамаи тухмҳои рӯйи дунё майдатарин мебошад,

[32] вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама растаниҳо калонтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки парандаҳо дар сояаш лона месозанд».

[33] Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро бо чунин масалҳои зиёд баён мекард.

[34] Исо бе масал ба онҳо сухан намегуфт, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.

[35] Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба дигар тарафи баҳр мегузарем».

[36] Сипас, онҳо мардумро ҷавоб доданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, равона шуданд. Чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.

[37] Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд.

[38] Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдон Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надорӣ, ки мо ҳалок мешавем?!»

[39] Ӯ аз хоб хест ва ба шамол фармон дода, ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.

[40] Исо ба шогирдон гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?»

[41] Вале онҳо, ки ба тарсу ҳарос афтода буданд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто шамолу баҳр ба Ӯ итоат мекунад?»

Марқӯс — Chapters