Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:44

[1] Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён расиданд.

[2] Ҳангоми ба соҳил фаромадани Исо, як шахсе, ки гирифтори рӯҳи нопок, яъне ҷин буд, якбора аз қабристон берун баромада, бо Исо рӯ ба рӯ шуд.

[3] Ин мард дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро ҳатто бо занҷир ҳам баста, нигоҳ дошта наметавонист.

[4] Борҳо дасту пояшро бо занҷиру бандҳо баста буданд, вале ӯ занҷиру бандҳоро пора-пора мекард. Касе барои идора кардани вай қувват надошт.

[5] Ӯ шабу рӯз доимо дар қабристон ва теппаҳо дод зада мегашту худро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард.

[6] Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард.

[7] Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»

[9] Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем».

[10] Вай аз Исо бисёр илтимос кард, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад.

[11] Ҳамон ҷо дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид.

[12] Рӯҳҳои нопок Исоро зорию тавалло карда гуфтанд: «Моро ба хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дароем».

[13] Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд. Галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд.

[14] Хукбонҳо бошанд, гурехтанд ва ин воқеаро дар шаҳру деҳот нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.

[15] Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ шуда, диданд, ки ҳамон ҷинзадае, ки гирифтори лашкари ҷинҳо буд, акнун дар тан либос дошту бо ақли солим нишастааст. Ҳамаро тарс фаро гирифт.

[16] Шоҳидони ин воқеа ҳодисаи бо ҷинзадаву хукҳо рӯйдодаро ба одамон нақл мекарданд.

[17] Он гоҳ мардум аз Исо зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон равад.

[18] Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори ҷинҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо Худ барад.

[19] Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд барои ту чӣ кору чӣ ғамхории бузурге кардааст».

[20] Ӯ рафта дар ноҳияи Даҳшаҳр эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.

[21] Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари баҳр рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд.

[22] Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ҷамоатхона буд, омада Исоро дидан замон худро пеши пойҳои Ӯ партофт.

[23] Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Ту хоҳиш мекунам, ки омада дастонатро бар ӯ бигузорӣ, то шифо ёбаду зинда монад».

[24] Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бисёре ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд.

[25] Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт.

[26] Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс аҳволаш торафт бадтар мешуд.

[27] Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд.

[29] Ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст.

[30] Исо низ дарҳол ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»

[31] Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки ба Ту аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсӣ, ки ба Ту кӣ даст расонд?»

[32] Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад.

[33] Он зан, ки огоҳ буд, чӣ гуна шифо ёфтааст, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва пеши пойи Ӯ афтода, ҳақиқати ҳолро нақл кард.

[34] Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!»

[35] Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда гуфтанд: «Духтарат мурд, дигар Устодро заҳмат надеҳ».

[36] Вале Исо инро шунида, ба сардори ҷамоатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош».

[37] Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Яъқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд.

[38] Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд.

[39] Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст».

[40] Мардум ба гапи ӯ хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад.

[41] Исо дасти ӯро гирифта гуфт: «Талито қумӣ!», ки маънояш «Эй духтарак, бархез!» аст.

[42] Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зуд бархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз дидани ин дар ҳайрат монданд.

[43] Исо онҳоро сахт таъкид кард, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва гуфт, ки ба духтар хӯрок диҳанд.

Марқӯс — Chapters