[1] Бори дигар Исо ба ҷамоатхона даромад. Дар он ҷо марде буд, ки дасташ хушк шуда буд.
[2] Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи шанбе шифо медиҳад ё не, то Ӯро айбдор карда тавонанд.
[3] Исо ба он марди дасташ хушкшуда гуфт: «Ин ҷо биё».
[4] Сипас, ба онҳо гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ кардан? Ҷони касеро наҷот додан ё нобуд кардан?» Аммо онҳо хомӯш буданд.
[5] Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз кундфаҳмӣ ва саркашиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.
[6] Фарисиён аз ҷамоатхона баромада, зуд бо тарафдорони Ҳиродус муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.
[7] Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи баҳр равона шуд, мардуми бисёре аз вилояти Ҷалилу сарзамини Яҳудия,
[8] аз шаҳри Уршалим, инчунин аз сарзамини Адуму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, дар гирди Ӯ ҷамъ меомаданд.
[9] Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон ба Ӯ фишор наоранд.
[10] Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд.
[11] Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!»
[12] Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд.
[13] Сипас, Исо ба кӯҳ баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо ба назди Ӯ омаданд.
[14] Ӯ аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро фиристода номид ва онҳоро барои доимо бо Ӯ будан ва эълон кардани хушхабари Худо таъйин намуд.
[15] Ҳамчунин Ӯ ба онҳо қудрати берун кардани ҷинҳоро дод.
[16] Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъун, ки Исо ӯро Петрус меномид,
[17] Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид,
[18] Андриёс, Филиппус ва Барталмо, Матто ва Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой ва Таддо, Шимъуни Ватандӯст
[19] ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
[20] Баъд Исо ба хона рафт. Мардуми зиёде боз ҷамъ омада буданд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд.
[21] Бо шунидани ин хабар хешу табори Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст.
[22] Гурӯҳе аз устодони шариат, ки аз Уршалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар Худ Баал-Забул, сардори ҷинҳоро дорад ва бо қудрати вай ҷинҳоро берун мекунад».
[23] Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад?
[24] Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад.
[25] Ҳамчунин хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад.
[26] Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад.
[27] Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр даромада, молу мулкашро дуздад, ба ғайр аз он ки аввал дасту пойи он мардро бандад ва он вақт хонаи ӯро ғорат кунад.
[28] Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани куфре, ки мегӯяд, бахшида мешавад.
[29] Вале касе ки бар зидди Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо сухани куфр мегӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва бори ин гуноҳаш то абад бар гарданаш мемонад».
[30] Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш мегуфтанд: «Ӯ гирифтори рӯҳи нопок аст».
[31] Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад.
[32] Исо дар байни мардум нишаста буд ва онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронат дар берун истодаанд ва Туро мепурсанд».
[33] Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? –
[34] ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, – Инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд!
[35] Ҳар касе, ки хости Худоро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».