[1] Бегоҳи рӯзи шанбе, вақте ки рӯзи истироҳат ба анҷом расид, Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқуб ва Салӯмит рафта, атрҳои хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд.
[2] Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр равона шуданд.
[3] Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ сангро аз даромади қабр барои мо меғелонад?»
[4] Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.
[5] Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.
[6] Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед!
[7] Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд».
[8] Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд.
[9] Исо субҳи рӯзи якшанбе зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт ҷинро берун карда буд, Худро аён кард.
[10] Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт.
[11] Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст.
[12] Баъд Исо Худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард.
[13] Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард.
[14] Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш дар вақти хӯрок хӯрданашон зоҳир шуд ва Ӯ онҳоро ба сабаби беимониву кундфаҳмӣ сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд.
[15] Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон кунед!
[16] Ҳар кӣ имон оварад ва таъмид гирад, наҷот меёбад, вале ҳар кӣ имон наорад, ҳукм карда мешавад.
[17] Касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳоро хоҳанд дошт: онҳо бо номи Ман ҷинҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд,
[18] онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд, даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд».
[19] Вақте ки суҳбати Худованд Исо бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз дасти рости Худо нишаст.
[20] Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо муъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.