Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:58

[1] Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Уршалим наздик шуда, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анёи назди кӯҳи Зайтун расиданд. Сипас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши Худ фиристода,

[2] ба онҳо гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, хари бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.

[3] Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад».

[4] Он ду шогирд рафта, хареро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд,

[5] баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харро мекушоед?»

[6] Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд.

[7] Пас онҳо харро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои хар партофтанд ва Исо ба он савор шуд.

[8] Бисёр одамон ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд.

[9] Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!

[10] Муборак бошад Подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки он наздик омада истодааст! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»

[11] Ҳамин тавр, Исо ба Уршалим омада, ба маъбади Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди Худ ба деҳаи Байт-Анё равона шуд.

[12] Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Анё мерафтанд, Исо гурусна монд.

[13] Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки ғайр аз баргҳо дар он ягон мевае набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд.

[14] Ӯ ба дарахт гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Шогирдонаш инро шуниданд.

[15] Ҳангоме ки ба Уршалим даромаданд, Исо ба ҳавлии маъбади Худо ворид шуда, онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард.

[16] Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни маъбади Худо гузаронад.

[17] Сипас, мардумро таълим дода гуфт: «Оё дар навиштаҷот наомадааст, ки „хонаи Ман хонаи дуо барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба хонаи дуздон табдил додаед».

[18] Чун коҳинони калон ва устодони шариат ин суханонро шуниданд, нақшаи куштани Исоро кашиданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.

[19] Ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт.

[20] Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ диданд, ки ҳамон дарахти анҷир аз решааш хушк шудааст.

[21] Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кун! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардӣ, хушк шудааст!»

[22] Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед.

[23] Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархеста худро ба баҳр парто“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чи мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш иҷро мешавад.

[24] Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чи дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад.

[25] Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе ранҷида бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонии шумо низ гуноҳҳоятонро бахшида тавонад».

[27] Онҳо боз ба Уршалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни маъбади Худо рафтуо мекард, коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм наздаш омада

[28] пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»

[29] Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо як саволе дорам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.

[30] Ба Ман бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?»

[31] Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар гӯем, ки „Худо дода буд“, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“

[32] Агар гӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум ба пайғамбар будани Яҳё имон доштанд).

[33] Оқибат онҳо ба Исо «намедонем» гуфта, ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».

Марқӯс — Chapters