[1] Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд.
[2] Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст.
[3] Онҳо ба дарун даромада ҷасади Худованд Исоро наёфтанд.
[4] Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду кас пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд.
[5] Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо меҷӯед?
[6] Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Ӯ ба шумо чӣ гуфта буд?
[7] Ӯ гуфта буд, ки Писари Одамизод бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад».
[8] Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд.
[9] Сипас, аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд.
[10] Ин воқеаро ба фиристодагон Марями Маҷдалия, Юҳанна, Марями модари Яъқуб ва занҳои дигар нақл карданд.
[11] Вале суханони онҳо ба назари фиристодагон ҳамчун сафсата намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд.
[12] Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт.
[13] Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан дувоздаҳ километер аз Уршалим дур буд.
[14] Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.
[15] Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон Худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд.
[16] Онҳо Исоро медиданду лекин намешинохтанд.
[17] Пас, Ӯ ба сухан даромада аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд
[18] ва якеашон, ки Клеупос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Дар ин рӯзҳо дар Уршалим чанд воқеа рӯй дод. Аз афташ ту ягона мусофире ҳастӣ, ки аз ин воқеаҳо хабар надорӣ».
[19] Исо пурсид: «Аз кадом воқеаҳо?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеаҳое, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд.
[20] Вале коҳинони калон ва роҳбарони мо Ӯро ба дасти Пилотус супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд.
[21] Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Аммо имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод
[22] ва ҳоло занҳое, ки ҳамроҳи мо буданд, моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта,
[23] ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас, баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст.
[24] Чанд нафар аз ҳамроҳони мо ба сари қабр рафта, ҳама чизро ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале Худи Исоро надиданд».
[25] Исо ба он ду нафар гуфт: «Эй нодонон! Шумо бо душворӣ ба гуфтаҳои пайғамбарон имон меоваред!
[26] Масеҳи Худо пеш аз соҳиби тамоми шуҳрату ҷалолаш шудан бояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд».
[27] Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мусо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷойи навиштаҷотро, ки дар бораи Ӯ гуфта буд, ба онҳо фаҳмонд.
[28] Вақте он ду нафар ба деҳаи Аммоус наздик шуданд, Исо чунин вонамуд кард, ки роҳашро давом додан мехоҳад.
[29] Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд.
[30] Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод.
[31] Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт.
[32] Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо суҳбат мекарду маънои навиштаҷотро мекушод, диламон аз ҳаяҷон метапид!»
[33] Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Уршалим баргаштанду он ёздаҳ фиристода ва пайравони дигари Исоро ёфтанд, ки бо ҳам ҷамъ омада буданд.
[34] Фиристодагон ва пайравон мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд Исо зинда шуд! Вай ба Шимъун зоҳир гардидааст».
[35] Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд.
[36] Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, Худи Исо дар миёни онҳо пайдо шуда гуфт: «Сулҳу осоиш бар шумо бод!»
[37] Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд.
[38] Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд?
[39] Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад».
[40] Инро гуфта, дастону пойҳои Худро ба онҳо нишон дод.
[41] Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?»
[42] Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтагӣ доданд.
[43] Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
[44] Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳое, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мусо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар китоби Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».
[45] Он гоҳ Исо ақли онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд.
[46] Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Масеҳ бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад.
[47] Ҳамчунин ба номи Масеҳ аз Уршалим сар карда ба ҳамаи халқҳо эълон карда мешавад, ки агар тавба карда аз гуноҳҳояшон даст кашанд, гуноҳҳояшон бахшида мешавад.
[48] Шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед.
[49] Ман ба шумо Ҳамонеро, ки Падарам ваъда кардааст, мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Уршалим бимонед».
[50] Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Анё рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод.
[51] Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд
[52] ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Уршалим баргаштанд.
[53] Сипас, ҳамеша дар ҳавлии маъбади Худо буда, Худоро ҳамду сано мехонданд.