Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 8:40

[1] Дар он замон шоҳаншоҳ Августус фармон баровард, ки дар саросари шоҳаншоҳӣ саршумории аҳолӣ гузаронида шавад.

[2] Вақте ки ин саршуморӣ гузаронида мешуд, Куриниюс ҳокими Сурия буд.

[3] Ҳар кас барои ба қайд гирифтани номаш бояд ба шаҳри худ мерафт.

[4] Азбаски Юсуф аз насли шоҳ Довуд буд, ӯ низ аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил ба шаҳри Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия рафт, зеро ин шаҳр зодгоҳи шоҳ Довуд буд.

[5] Ӯ номзадаш Марямро, ки ҳамон вақт ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад.

[6] Ҳангоме ки онҳо дар Байт-Лаҳм буданд, вақти таваллуди кӯдак фаро расид.

[7] Марям писари калониашро таваллуд кард ва лӯлапеч намуда, дар охур хобонд, чунки дар меҳмонхона барои онҳо ҷое ёфт нашуд.

[8] Дар даштҳои атрофи он шаҳр чӯпононе буданд, ки шабона рамаи худро посбонӣ мекарданд.

[9] Фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид ва нури Худованд дар атрофашон дурахшид. Чӯпонҳо сахт тарсиданд.

[10] Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки тамоми мардум аз он хеле шод мегарданд.

[11] Имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ ва Худованд аст.

[12] Ба шумо ҳамин аломат мешавад, ки тифли лӯлапечшударо дар охуре хобондашуда меёбед».

[13] Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазорҳо фариштагони дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:

[14] «Бигзор номи Худо дар осмонҳо шуҳрату ҷалол ёбад ва дар рӯйи замин дар байни онҳое, ки писандидаи Ӯ ҳастанд, сулҳу осоиштагӣ бошад!»

[15] Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонон ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаи рӯйдодаро, ки Худованд ба воситаи фаришта ба мо расонд, бубинем».

[16] Онҳо бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.

[17] Чун он кӯдакро диданд, он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд.

[18] Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд.

[19] Вале Марям чизи шунидаашро дар дил нигоҳ дошта, дар борааш андеша мекард.

[20] Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд.

[21] Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ин номро фаришта ҳанӯз пеш аз пайдо шудани Ӯ дар батни модараш дода буд.

[22] Ҳамин ки вақти покшавии онҳо, ки мувофиқи шариати Мусо буд, фаро расид, Юсуфу Марям кӯдакро ба Уршалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд.

[23] Зеро дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад».

[24] Онҳо инчунин барои он омаданд, ки аз рӯйи шариат як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд.

[25] Дар шаҳри Уршалим Шимъун ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу некукор буд ва замони наҷот ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳулқудс бо Шимъун буд

[26] ва ба Шимъун гуфта буд: «То Масеҳи Худованд, яъне Таъйиншудаи Ӯро набинӣ, намемирӣ».

[27] Бо роҳнамоии Рӯҳулқудс Шимъун ба маъбади Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд.

[28] Шимъун кӯдакро ба оғӯш гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт:

[29] «Эй Худованд, Ту ваъдаатро иҷро кардӣ. Ман бандаат ҳастам ва акнун аз ин дунё хотирҷамъ меравам,

[30] зеро чашмонам наҷоти Туро диданд.

[31] Ту онро дар ҳузури ҳамаи халқҳо муҳайё кардӣ.

[32] Ӯ нурест, ки Туро ба ғайрияҳудиён ошкор мекунад ва ба халқи Исроилат шуҳрату ҷалол меорад».

[33] Падару модари Исо аз чунин суханон дар бораи кӯдак ҳайрон шуданд.

[34] Шимъун ба онҳо дуои нек дода, ба Марями модари Исо гуфт: «Ин кӯдак боиси ё афтодан ё бархостани бисёре аз исроилиён таъйин шудааст. Ӯ аломате аз Худо мешавад, ки бар зидди Ӯ сухан хоҳанд гуфт,

[35] то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад. Ғам ҳамчун шамшер дили туро низ пора мекунад».

[36] Дар маъбади Худо Ҳано ном пайғамбарзане буд, ки падараш Фануил ном дошт. Ӯ аз қабилаи Ошер буд. Ҳано хеле пир шуда буд. Вай баъд аз ба шавҳар баромадан ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда буд.

[37] Ин зани ҳаштоду чорсола, ки бева монда буд, ҳеҷ вақт аз маъбади Худо намерафт ва шабу рӯз бо дуову рӯза хизмату ибодат мекард.

[38] Вай низ худи ҳамон лаҳза пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Уршалим буданд, дар бораи ин кӯдак гап зад.

[39] Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯйи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ – Носираи Ҷалил баргаштанд.

[40] Кӯдак калон шуда, қавӣ мегашт ва боҳикмат мешуд. Ӯ писандидаи Худо буд.

[41] Ҳар сол падару модари Исо барои ҷашн гирифтани иди Наҷот ба Уршалим мерафтанд.

[42] Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯйи урфу одат ба он ҷо рафтанд.

[43] Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расид, онҳо ба шаҳри худ равона шуданд, вале Исои наврас дар Уршалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд.

[44] Онҳо гумон доштанд, ки Ӯ ҳамроҳи дигарон равона аст ва тамоми рӯз сафарашонро давом доданд. Дертар Ӯро дар миёни дӯстону хешони худ ҷустуҷӯ карданд

[45] ва чун наёфтанд, ба Уршалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд.

[46] Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбади Худо ёфтанд, ки дар байни муаллимон нишаста, суханонашонро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод.

[47] Ҳамаи шунавандагон аз доноиву ҷавобҳояш дар ҳайрат монданд.

[48] Падару модараш Ӯро дида, ҳайрон шуданд ва Марям аз Ӯ пурсид: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат сахт хавотир шуда Туро ҷустуҷӯ кардем».

[49] Исо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар шумо намедонистед, ки Ман бояд дар хонаи Падарам бошам?»

[50] Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданд.

[51] Ӯ бо падару модараш ба Носира баргашт ва ба онҳо итоат мекард. Марям бошад, ҳамаи инро дар дил нигоҳ медошт.

[52] Исо дар баробари ба воя расиданаш дар ҳикмат ҳам бузург мешуд ва торафт бештар писандидаи Худову мардум мегашт.

Луқо — Chapters