Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:11

[1] Боре, дар рӯзи шанбе Исо дар хонаи яке аз сардорони фарисиён меҳмон шуд ва онҳо рафтори Ӯро мушоҳида мекарданд.

[2] Дар рӯ ба рӯйи Исо марде менишаст, ки баданаш варам карда буд.

[3] Исо ба устодони шариату фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи шанбе касеро шифо додан мумкин аст ё не?»

[4] Онҳо хомӯш монданд, Ӯ бошад, ба бемор даст расонда шифо бахшиду ӯро ҷавоб дод.

[5] Сипас, ба онҳо гуфт: «Агар фарзанд ва ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, магар онро зуд берун намебароред?»

[6] Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд.

[7] Исо мушоҳида мекард, ки меҳмонон мехостанд ба ҷойҳои болотар рафта шинанд, бинобар ин ба онҳо масалеро гуфт:

[8] «Вақте ки ба тӯйи арӯсӣ даъват мешавӣ, аз боло гузашта нашин, чун шояд шахсе даъват шуда бошад, ки аз ту обрӯмандтар аст.

[9] Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳар дуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ“. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки аз пойин гузашта шинӣ.

[10] Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷойи пойин бишин, то соҳибхона омада, ба ту гӯяд: „Дӯстам, болотар бишин“. Он гоҳ иззату эҳтироми ту дар назари ҳамаи меҳмонон ба ҷо оварда мешавад.

[11] Зеро ҳар кӣ худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад».

[12] Баъд ба соҳибхонае, ки Ӯро даъват карда буд, гуфт: «Вақте ки зиёфате ташкил мекунӣ, дӯстон, бародарон, хешон ва ҳамсояҳои бойи худро даъват накун, чунки онҳо низ туро даъват мекунанду некиатро бармегардонанд.

[13] Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо.

[14] Он гоҳ хушбахт хоҳӣ шуд, чунки онҳо некиатро баргардонда наметавонанд, вале дар рӯзе, ки некон зинда мешаванд, Худо некиатро ба ту бармегардонад».

[15] Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар Подшоҳии Худо зиёфат бихӯрад!»

[16] Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Марде зиёфати калоне ороста, мардуми зиёдро даъват намуд.

[17] Чун вақти зиёфат расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст“.

[18] Ҳамин вақт ҳама, яке аз пайи дигар ба узрхоҳӣ даромаданд. Якумаш гуфт: „Мебахшед. Ман замин харидам ва бояд рафта, онро бинам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед“.

[19] Дигаре гуфт: „Мебахшед. Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва ҳоло барои санҷидани онҳо меравам“.

[20] Саввумӣ гуфт: „Ман нав зан гирифтам, бинобар ин рафта наметавонам“.

[21] Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, кӯрон ва шалҳоро ба ин ҷо биёр“.

[22] Баъд аз чанде хизматгор омада, гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд“.

[23] Сипас, хоҷа ба хизматгор гуфт: „Берун аз шаҳр рав ва қад-қади роҳҳои тангу васеъ гашта, мардумро ба омадан розӣ кун, то ки хонаам пур шавад.

[24] Ба шумо мегӯям, ҳеҷ яке аз он шахсоне, ки даъват шуда буданд, мазаи зиёфати маро нахоҳад чашид“».

[25] Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре мерафтанд ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда гуфт:

[26] «Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад.

[27] Касе ки салиби азобу маргашро бо худ набардораду аз пайи Ман наояд, шогирди Ман шуда наметавонад.

[28] Кадоме аз шумо манорае сохтанӣ шуда аввал нишаста харҷи онро ҳисоб намекунад, то бифаҳмад, ки имконияти ба анҷом расондани сохтмонро дорад ё не?

[29] Зеро агар пойдеворро гузошта, он сохтмонро ба охир расонда натавонад, ҳамаи онҳое, ки инро мебинанд, ба ӯ хандида

[30] мегӯянд: „Ин мард сохтмонро сар карду ба тамом кардани он қувваташ нарасид.“

[31] Ҳамчунин подшоҳе пеш аз муҳофизат кардани худ аз ҳуҷуми подшоҳи дигар, аввал бояд нишаста, нағзакак фикр кунад: „оё метавонам бо даҳ ҳазор сарбози худ ба подшоҳе, ки бо бист ҳазор сарбозаш бар зидди ман меояд, муқобилат нишон диҳам?“

[32] Пас, агар натавонад, ҳанӯз ки душманаш дур аст, сафиронашро барои сулҳ бастан мефиристад.

[33] Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.

[34] Намак чизи хуб аст, вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад?

[35] Он дигар барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: бо он ҳатто заминро пору карда намешавад. Онро танҳо бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»

Луқо — Chapters