[1] Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Васвасаҳо пайдо хоҳанд шуд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд.
[2] Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд аз он ки вай яке аз ин пайравони хурдтаринро гумроҳ кунад.
[3] Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро насиҳат кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бахшед.
[4] Агар ӯ рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам“ гӯяд, ӯро бахшед».
[5] Фиристодагон ба Худованд Исо гуфтанд: «Имони моро зиёдтар кун».
[6] Худованд гуфт: «Агар шумо ҳатто ба андозаи донаи хардал имон медоштед, ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав“ гуфта метавонистед ва вай ба шумо итоат мекард.
[7] Фарз кардем, ки ғуломи шумо ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада назди дастархон бишинад?
[8] Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ“?
[9] Охир, шумо ба ғуломатон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку?
[10] Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо ғуломи ночиз ҳастему танҳо вазифаи худро иҷро кардем“».
[11] Исо, ки ба Уршалим равона буд, қад-қади сарҳади байни Сомараву Ҷалил роҳ мерафт.
[12] Ҳангоми ба як деҳа даромадан, бо даҳ касе, ки бемории пӯст дошт, рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода
[13] дод заданд: «Эй Исо, Хоҷа, ба мо раҳм кун!»
[14] Исо онҳоро дида, гуфт: «Рафта худро ба коҳинон нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар роҳ пок шуданд.
[15] Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоишкунон баргашт
[16] ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Он мард аз Сомара буд.
[17] Исо пурсид: «Магар даҳ нафар аз беморияшон пок нашудаанд? Нуҳ нафари дигар куҷоянд?
[18] Пас, наход ғайр аз ин марди ғайрияҳудӣ ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?»
[19] Баъд ба ӯ гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».
[20] Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай Подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Омадани Подшоҳии Худо ба назар намоён нест.
[21] Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, Подшоҳии Худо аллакай дар байни шумост».
[22] Вале Исо ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани яке аз рӯзҳои Писари Одамизод зор мешавед, вале онро намебинед.
[23] Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!“ ё „Вай дар ин ҷост!“, аз қафояшон надавед.
[24] Зеро Писари Одамизод дар рӯзи омаданаш мисли раъду барқе мешавад, ки дурахшида осмонро аз як сӯ то сӯи дигар равшан мекунад.
[25] Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад.
[26] Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, замони омадани Писари Одамизод низ ҳамон тавр мешавад.
[27] Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард.
[28] Ҳамчунин монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд.
[29] Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садум баромад, аз осмон оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард.
[30] Рӯзе, ки Писари Одамизод зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд.
[31] Агар касе он вақт дар болои бом ва чизу чорааш даруни хона бошад, барои гирифтани онҳо пойин нафарояд. Агар касе дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад.
[32] Зани Лутро ба хотир оваред.
[33] Касе ки ҳаёташро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ҳаёташро фидо мекунад, онро эмин нигоҳ медорад.
[34] Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷогаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
[35] Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад».
[37] Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Хоҷа, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷое ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд».