[1] Исо як назар андохта, бойҳоеро дид, ки ба сандуқи хайрия садақаҳои худро меандохтанд.
[2] Ӯ бевазани камбағалеро низ дид, ки ба он ҷо ду тангаи хурди мисинро андохт.
[3] Баъд гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард.
[4] Чунки онҳо аз зиёдатии сарваташон садақа карданд, вай бошад, тамоми ризқу рӯзиашро дод».
[5] Вақте ки баъзеҳо дар бораи маъбади Худо сухан меронданду таъриф мекарданд, ки он бо чӣ гуна сангҳои зебо ва ҳадяҳои қиматбаҳо оро дода шудааст, Исо гуфт:
[6] «Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои санг намонда, ба замин яксон мешавад».
[7] Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом аломат мефаҳмем?»
[8] Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо гумроҳ нашавед, зеро бисёр касон бо номи Ман омада мегӯянд: „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ Аз паси онҳо наравед!
[9] Вақте ки садоҳои ҷангҳову шӯришҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо рӯй диҳанд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад».
[10] Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад.
[11] Заминҷунбиҳои сахт мешавад ва дар ҳар ҷо гуруснагӣ ва бемориҳои марговар меояд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва аломатҳои бузург намоён хоҳанд гашт.
[12] Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ба ҷамоатхонаву зиндонҳо мебаранд. Ба хотири номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд ва
[13] имконият пайдо мекунед, ки дар бораи Ман шаҳодат диҳед.
[14] Қарор диҳед, ки дар бораи чӣ ҷавоб доданатон пешакӣ ташвиш намекашед.
[15] Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмате ато мекунам ва суханонеро ба даҳонатон мегузорам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад.
[16] Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед.
[17] Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
[18] Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод.
[19] Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард.
[20] Ҳамин ки Уршалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст.
[21] Он вақт касоне, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд. Касоне, ки дар ин шаҳр ҳастанд, аз ин ҷо бираванд ва касоне, ки дар деҳот ҳастанд, ба шаҳр барнагарданд.
[22] Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.
[23] Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад.
[24] Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо, Уршалимро поймол мекунанд.
[25] Дар офтобу моҳу ситорагон аломатҳо зоҳир мешаванд ва дар рӯйи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд.
[26] Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд.
[27] Дар он вақт одамон Писари Одамизодро мебинанд, ки дар абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалоли бузурге меояд.
[28] Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти озод шуданатон наздик аст».
[29] Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед.
[30] Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст.
[31] Ҳамин тавр ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст.
[32] Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ба амал меояд.
[33] Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
[34] Пас, бохабар бошед, ки дилҳои шумо саргарми айшу ишрат, бадмастӣ ва ташвишҳои ин рӯзгор нашавад ва он рӯз ногаҳон,
[35] мисли дом барои шумо фаро нарасад. Он рӯз ба сари тамоми сокинони рӯйи замин хоҳад омад.
[36] Ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то қувват дошта бошед, ки аз даҳшатҳои оянда халосӣ ёбед ва дар назди Писари Одамизод истед».
[37] Ҳар рӯз Исо дар маъбади Худо таълим медод ва чун бегоҳ фаро мерасид, ба кӯҳи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард.
[38] Тамоми мардум бошанд, саҳарии барвақт барои шунидани суханони Ӯ ба ҳавлии маъбади Худо меомаданд.