Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 9:04

[1] Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд.

[2] Вай дар аввал бо Худо буд

[3] ва ҳама чиз ба воситаи Калом офарида шуд ва бе Ӯ ягон чизи офаридашуда пайдо нашуд.

[4] Дар Калом ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон нур буд.

[5] Нур дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонист.

[6] Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода шуда буд,

[7] ки дар бораи нур шаҳодат диҳад ва ҳама ба воситаи Яҳё имон оваранд.

[8] Яҳё худ нур набуд, вале барои он омад, ки дар бораи нур шаҳодат диҳад.

[9] Он нури ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон равшанӣ медиҳад, ба ҷаҳон омада истода буд.

[10] Ӯ ба ҷаҳоне, ки ба воситааш офарида шудааст, омада буд, лекин ҷаҳон Ӯро нашинохт.

[11] Вай ба назди халқи Худ омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд.

[12] Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданду ба Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо шаванд.

[13] Онҳо на ба таври табиӣ, на аз рӯйи хоҳиши ҷисм ва на аз рӯйи хоҳиши мард, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.

[14] Инак, Калом одам шуд ва Ӯ дар миёни мо пур аз файзу меҳрубонӣ ва ростӣ зиндагӣ мекард. Мо он бузургиро, ки Падар ба Писари Ягонаи Худ додааст, дидаем.

[15] Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам, ки баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт».

[16] Аз пуррагии Ӯ мо файзу меҳрубонии фаровон ёфтаем.

[17] Худо шариатро ба воситаи Мусо додааст, вале файзу меҳрубонӣ ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.

[18] Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

[19] Шаҳодати Яҳё чунин буд. Роҳбарони яҳудӣ аз Уршалим ба назди Яҳё чанд нафар коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то ки аз ӯ дар бораи кӣ буданаш бипурсанд.

[20] Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонда, ошкоро эълон кард: «Ман Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо нестам».

[21] Онҳо боз пурсиданд: «Пас ту кистӣ? Оё Илёс пайғамбарӣ?» «Не», – ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбарӣ, ки мунтазираш ҳастем?» «Не», – гуфт ӯ.

[22] Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир ту кистӣ? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Ту дар бораи худ чӣ мегӯйӣ?»

[23] Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод: «Ман касе ҳастам, ки „дар биёбон фарёд зада мегӯяд: «Барои омадани Худованд роҳро рост намоед!»“»

[24] Аз тарафи равияи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд,

[25] ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки ту на Масеҳ, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастӣ, ки интизораш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳӣ?»

[26] Яҳё ҷавоб дод: «Ман фақат ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо бо об таъмид медиҳам, вале дар байни шумо Шахсе ҳаст, ки шумо намешиносед.

[27] Ӯ Ҳамонест, ки баъд аз ман меояд, лекин ман ҳатто лоиқ нестам, ки банди пойафзолашро кушоям».

[28] Ҳамаи ин воқеа дар деҳаи Байт-Анё, дар соҳили дигари дарёи Урдун рӯй дод. Яҳё одатан мардумро дар он ҷо таъмид медод.

[29] Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро аз байн мебарад!

[30] Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам: „Баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт“.

[31] Ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад».

[32] Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо, монанди кабӯтар бар болои Ӯ аз осмон фаромада истод.

[33] Ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Вақте Шахсеро мебинӣ, ки Рӯҳ бар болои Ӯ фаромада меистад, бидон, Вай ҳамон Шахсест, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад“.

[34] Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».

[35] Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод

[36] ва Исоро, ки аз роҳ гузашта истода буд, дида гуфт: «Бубинед! Ана Ӯ Барраи Худо аст!»

[37] Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд.

[38] Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ мехоҳед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Ту дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?» (Маънои калимаи «Раббӣ» устод аст).

[39] Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Вақте ки онҳо бо Исо рафта диданд, ки Ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз ҳамроҳи Ӯ монданд.

[40] Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд.

[41] Ӯ аввал бародари худ Шимъунро ёфта ба вай гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем»

[42] Андриёс Шимъуни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъун, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин пас Кифо номида мешавӣ» (маънои калимаи «Петрус» аз забони юнонӣ ва «Кифо» аз забони ибриён санг аст).

[43] Рӯзи дигар Исо хост, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд.

[44] Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус аз шаҳри Байт-Сайдо буд.

[45] Филиппус дар навбати худ Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо ҳамон Шахсеро ёфтем, ки Мусо дар Таврот ва пайғамбарон дар борааш навишта буданд! Ин Исо, писари Юсуф, аз шаҳри Носира аст».

[46] «Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» – гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».

[47] Исо Натаноили ба наздаш омадаистодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқӣ аст, ки дар дил макре надорад».

[48] «Ту маро аз куҷо мешиносӣ?» – пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам».

[49] Натаноил гуфт: «Эй Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!»

[50] Исо ҷавоб дод: «Магар ту барои он имон овардӣ, ки „туро дар зери дарахти анҷир дида будам“ гуфтам? Ту корҳои аз ин ҳам бузургтарро мебинӣ.

[51] Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Писари Одамизод фаромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид».

Юҳанно — Chapters