[1] Дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,
[2] Ва хизматгузори қудс ва хаймаи ҳақиқӣ мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод.
[3] Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.
[4] Пас, агар Ӯ бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд,
[5] Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вақте ки ӯ ба сохтани ҳайма шурӯъ менамуд: «Бохабар бош», гуфта шудааст, «ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ».
[6] Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.
[7] Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.
[8] Зеро ки Худо онҳоро мазаммат намуда, мегӯяд: «Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд, ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди ҷадид хоҳам баст,
[9] На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегӯяд Худованд.
[10] Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар афкори онҳо хоҳам гузошт ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт, ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.
[11] Ва касе ёри худро, ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт: Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт;
[12] Чунки ба ноинсофиҳои онҳо шафаққат хоҳам кард ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».
[13] Бо гуфтани «аҳди ҷадид» Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.