[1] Худое ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,
[2] Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.
[3] Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,
[4] Ва чӣ қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.
[5] Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: «Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам»? Ва боз: «Ман ба Ӯ Падар хоҳам буд, ва Ӯ ба Ман Писар хоҳад буд»?
[6] Ва боз, вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: «Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд».
[7] Дар бораи фариштагон гуфта шудааст: «Фариштагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад ва хизматгорони Худро ба оташи сӯзон».
[8] Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: «Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, ва асои садоқат асои салтанати Туст.
[9] Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст».
[10] Ва боз: «Дар замони қадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.
[11] Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳанд шуд,
[12] Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид, ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд. Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд».
[13] Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»?
[14] Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?