[1] Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,
[2] Ба таълимоти оид ба таъмидҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба эҳьёи мурдагон ва оид ба доварии ҷовидонӣ.
[3] Ва инро ба амал хоҳем овард, ба шарте ки Худо изн диҳад.
[4] Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд,
[5] Ва каломи неки Худо ва қувваҳои олами ояндаро чашидаанд,
[6] Ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрӯ месозанд.
[7] Зеро замине ки борҳо борони бар он боридаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, набототи фоиданоке мерӯёнад, — аз Худо баракат меёбад;
[8] Вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва фарҷоми он сӯхтан аст.
[9] Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар холати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем.
[10] Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад.
[11] Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то ки умедатон комилан ҳосил шавад;
[12] То ки шумо танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд.
[13] Зеро, вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард
[14] Ва гуфт: «Ҳақиқатан туро бисьёр баракат хоҳам дод ва туро бағоят афзун хоҳам кард».
[15] Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид.
[16] Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад.
[17] Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,
[18] То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.
[19] Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад,
[20] Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.