[1] Зеро шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи айни ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, тақдимкунандагонро комил гардонад.
[2] Вагар на, ба тақдим кардани онҳо хотима медоданд, чунки тақдимкунандагони қурбонӣ як бор татҳир ёфта, дигар хеҷ идроки гуноҳҳоро намедоштанд.
[3] Лекин ба василаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад;
[4] Зеро аз имкон берун аст, ки хуни говҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест кунад.
[5] Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: «Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;
[6] Қурбонии сӯҳтанӣ ва қурбонии хато барои Ту писандида набуд.
[7] Он гоҳ гуфтам: „Инак, меоям, — чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, — то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам“».
[8] Аввал мегӯяд: қурбонӣ ва ҳадия ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо, — ки мувофиқи шариат тақдим карда мешавад, — Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуд;
[9] Баъд, илова намуда, гуфтааст: «Инак, меоям, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам». Ӯ якумро ботил мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд.
[10] Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.
[11] Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд.
[12] Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,
[13] Ва пас аз ин мунтазир аст то даме ки душманонаш зери пои Ӯ андохта шаванд.
[14] Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тақдисшавандагонро то абад комил гардондааст.
[15] Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро ки гуфта шудааст:
[16] «Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо хоҳам гузошт ва дар афкори онҳо хоҳам навишт,
[17] Ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро ба ёд нахоҳам овард».
[18] Ва дар он ҷое ки омурзиши гуноҳҳо ҳаст, қурбонӣ барои онҳо дигар лозим нест.
[19] Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ,
[20] Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,
[21] Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем,
[22] Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,
[23] Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст;
[24] Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,
[25] Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.
[26] Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, — дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад,
[27] Балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки хасмҳоро ба коми худ хоҳад кашид.
[28] Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси баёноти ду ё се шоҳид бе марҳамат ба қатл расонда мешуд,
[29] Пас, ба гумонатон, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он тақдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд?
[30] Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд». Ва боз: «Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард».
[31] Ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст!
[32] Айёми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони уқубатҳоро бардоштед,
[33] Дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни ҳориҳо ва андӯҳҳо ба тамошогоҳе барои дигарон мубаддал мешудед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд;
[34] Зеро ки шумо ба занҷирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.
[35] Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад.
[36] Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред;
[37] Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.
[38] Одил бо имон ҳоҳад зист; ва агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард.
[39] Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.