Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:09

[1] Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,

[2] Ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъин намуд, амин буд, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ амин буд.

[3] Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки меъмори ҳона, назар ба худи ҳона, эҳтироми бештаре дорад;

[4] Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост.

[5] Ва Мусо дар тамоми ҳонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад.

[6] Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар ҳонаи Ӯ; ва ҳонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба охир боматонат нигоҳ дорем.

[7] Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд, «имрӯз агар овози Ӯро бишнавед,

[8] Дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон,

[9] Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд.

[10] Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд;

[11] Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман доҳил нахоҳанд шуд».

[12] Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Ҳай рӯй мегардонад, надошта бошад,

[13] Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки «имрӯз» гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, саҳтдил нашавад.

[14] Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,

[15] Чунон ки гуфта мешавад: «Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб».

[16] Зеро киҳо буданд, ки шунида, ошӯб бардоштанд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба туфайли Мусо аз Миср берун омада буданд?

[17] Ва бар киҳо Ӯ чил сол дар ғазаб шуд? Оё на бар осиёне ки ҷасадҳошон дар биёбон фурӯ ғалтид?

[18] Ва дар ҳаққи киҳо Ӯ қасам хӯрд, ки ба оромии Ӯ дохил нахоҳанд шуд? Оё на дар ҳаққи онҳое ки беитоатӣ карданд?

[19] Ва мо мебинем, ки онҳо аз боиси беимонӣ натавонистанд дохил шаванд.

Нома ба Ибриён — Chapters