[1] Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд.
[2] Зеро ки ба василаи он қадимиён шаҳодат пайдо кардаанд.
[3] Бо имон мо дарк мекунем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтааст, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадааст.
[4] Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.
[5] Бо имон Ҳанӯх тавре кӯчонида шуд, ки мамотро надид; ва ӯ пайдо нашуд, чунки Худо ӯро кӯчонид. Зеро ки пеш аз кӯчонида шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст.
[6] Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
[7] Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.
[8] Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.
[9] Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард;
[10] Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост.
[11] Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист.
[12] Бинобар ин аз як нафар, ки он ҳам мисли беҷон буд, ончунон бисьёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисьёр аст, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст.
[13] Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд;
[14] Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд.
[15] Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд;
[16] Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
[17] Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,
[18] Ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: «Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд»;
[19] Зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳьё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ӯ баргардонида шуд.
[20] Бо имон Исҳоқ Яъқуб ва Эсовро барои оянда низ баракат дод.
[21] Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такья намуда, саҷда кард.
[22] Бо имон Юсуф, дар вақти вафоташ, хуруҷи банӣ Исроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард.
[23] Бо имон падару модари Мусо ӯро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кӯдаки зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд.
[24] Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад,
[25] Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад,
[26] Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.
[27] Бо имон ӯ Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд.
[28] Бо имон ӯ фисҳ ва пошидани хунро ба амал овард, то ки несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад.
[29] Бо имон онҳо аз баҳри Қулзум, чун аз хушкӣ, гузаштанд, вале вақте ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарк шуданд.
[30] Бо имон деворҳои Ериҳӯ пас аз даврзании ҳафтрӯза фурӯ ғалтид.
[31] Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро ба саломатӣ қабул карда буд, бо исьёнгарон ба ҳалокат нарасид.
[32] Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,
[33] Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд,
[34] Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;
[35] Занон мурдаҳои худро эҳьёшуда ёфтанд; вале дигарон аз шиканҷа нобуд шуданд ва озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳьёи беҳтаре ноил гарданд;
[36] Ва баъзеи дигарон ҳақоратҳо ва шаллоқро, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд.
[37] Сангсор шуданд, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфанду буз дар тан сарсону саргардон шуда, мӯҳтоҷӣ, тангӣ ва уқубат кашиданд;
[38] Онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гаштанд.
[39] Ва ҳамаи онҳо, ки ба хотири имон шӯҳрат пайдо карда буданд, ваъдаро соҳиб нашуданд,
[40] Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.