[1] Павлуси ҳавворӣ, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кардааст,
[2] Ва ҳамаи бародароне ки бо ман мебошанд, ба калисоҳои Ғалотия:
[3] Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод,
[4] Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Худо, Падари мо, халос кунад,
[5] Ки Ӯро то абад ҷалол бод, омин.
[6] Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред,
[7] Ки он на дигарест, балки фақат баъзе касоне ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд.
[8] Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад, — малъун бод.
[9] Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, — малъун бод.
[10] Оё ман алҳол назди одамон хусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.
[11] Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест;
[12] Зеро ки ман онро на аз одамизод қабул кардаам ва таълим гирифтаам, балки ба василаи ваҳйи Исои Масеҳ.
[13] Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам,
[14] Ва дар дини яхудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам.
[15] Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд,
[16] Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ӯро дар миёни ҳалқҳо башорат диҳам, — ман он вақт бо ҷисм ва хун машварат накардам,
[17] Ва ба Ерусалим назди онҳое ки пеш аз ман ҳавворӣ буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам.
[18] Сонӣ, пас аз се сол, ба Ерусалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рӯз назди ӯ истодам.
[19] Аз ҳаввориён, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам.
[20] Ва он чи ба шумо менависам, инак, ба ҳузури Худо, дурӯғ намегӯям.
[21] Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Қилиқия равона шудам.
[22] Аммо калисоҳои Масеҳ дар Яҳудо маро шаҳсан намешиноҳтанд,
[23] Балки фақат шунида буданд, ки ҳамон шаҳсе ки як вақте онҳоро таъқиб менамуд, ҳоло имонеро башорат медиҳад, ки пештар онро несту нобуд мекард, —
[24] Ва Худоро ба ҳотири ман мадҳ мегуфтанд.