[1] Дафъаи сеюм аст, ки назди шумо меоям: бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар сухан исбот хоҳад шуд.
[2] Онҳоеро, ки пештар гуноҳ кардаанд, ва ҳамаи дигаронро, — ҳам он вақт, ки дафъаи дуюм омада будам, ва ҳам ҳоло, ки ғоиб ҳастам, — таъкид намудаам ва таъкид менамоям, ки агар боз оям, амон нахоҳам дод.
[3] Шумо далели онро меҷӯед, ки оё Масеҳ дар ман суҳан меронад: Ӯ барои шумо оҷиз нест, балки дар миёни шумо боиқтидор аст.
[4] Зеро, агарчи Ӯ дар ҳолати заъф маслуб шуд, лекин бо қуввати Худо зинда аст; мо низ дар Ӯ заиф ҳастем, лекин ҳамроҳи Ӯ бо қуввати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ хоҳем кард.
[5] Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед. Ё шумо ҳудро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед.
[6] Дар ҳусуси мо, умедворам, шумо ҳоҳед донист, ки мо ончунон ҳастем, ки бояд бошем.
[7] Мо ба Худо тазаррӯъ менамоем, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед, на аз барои он ки мо худро ончунон нишон диҳем, ки бояд бошем; балки аз барои он ки шумо некӣ кунед, агарчи мо на ончунон ба назар намоем, ки бояд бошем.
[8] Зеро ки мо на бар зидди ростӣ, балки фақат барои ростӣ қувват дорем.
[9] Зеро шодӣ мекунем, вақте ки мо заиф ҳастем, вале шумо боқувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегӯем.
[10] Аз он сабаб ман инро дар вақти набуданам навиштаам, ки дар омаданам сахтгирӣ накунам аз рӯи он ихтиёре ки Худованд ба ман, на аз барои харобкорӣ, балки барои буньёдкорӣ додааст.
[11] Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасалло ёбед, якдил бошед, осоиштагиро ҳифз намоед, — ва Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.
[12] Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Ҳамаи муқаддасон ба шумо салом мерасонанд.
[13] Файзи Исои Масеҳи Худованд, ва муҳаббати Худо, ва ширкати Рӯҳулқудс бо ҳамаатон бод. Омин.