Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:35

[1] Аммо мегӯям: ворис, то даме ки кӯдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки оғои ҳама аст:

[2] Балки зери дасти васиён ва амалдорон аст, то мӯҳлате ки падараш муайян намудааст.

[3] Ҳамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем;

[4] Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд,

[5] То барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад, то ки мо ба писарӣ қабул шавем.

[6] Ва азбаски шумо писар ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад: «Эй Або, эй Падар!»

[7] Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, вориси Худо низ ба василаи Масеҳ ҳастӣ.

[8] Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, шумо онҳоеро ибодат мекардед, ки аслан худо набуданд;

[9] Аммо алҳол, ки Худоро мешиносед ва, илова бар он, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна аз нав сӯи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед?

[10] Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед.

[11] Аз шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам.

[12] Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки мисли ман бошед, чунки ман ҳам мисли шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед:

[13] Шумо медонед, ки ман дар заъфи ҷисм ба шумо дафъаи аввал башорат додам;

[14] Ва шумо аз озмоиши ман, ки дар ҷисми ман аст, нафрат накардед ва кароҳат надоштед, балки маро мисли фариштаи Худо, мисли Исои Масеҳ пазироӣ намудед.

[15] Пас куҷост он саодати шумо? Зеро ба шумо гувоҳӣ медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед.

[16] Пас, наход ки ба шумо рости гапро гуфта, душмани шумо шуда бошам?

[17] Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо ҷудо кардан мехоҳанд, то ки шумо барои онҳо ғайрат кунед.

[18] Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам.

[19] Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, то даме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад!

[20] Хоҳиш доштам, ки ҳоло назди шумо бошам ва овози худро тағьир диҳам, зеро ки дар хусуси шумо дар ҳайрат мондаам.

[21] Шумо, ки мехоҳед зери дасти шариат бошед, ба ман бигӯед, ки магар шумо ба шариат гӯш намеандозед?

[22] Зеро ки навишта шудааст: «Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод» .

[23] Лекин он ки аз каниз буд, ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфтааст, ва он ки аз зани озод буд, — ба ҳасби ваъда.

[24] Ин кинояомез аст, зеро ки ин ду аҳд аст: яке аз кӯҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст,

[25] Зеро ки Ҳоҷар кӯҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Ерусалими ҳозира мувофиқ меояд, зеро ки он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад;

[26] Аммо Ерусалими арши аъло озод аст, ки он модари ҳамаи мост;

[27] Зеро ки навишта шудааст: «Шод бош, эй нозой, ки назоидаӣ; хурсандӣ ва нидо бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро фарзандони зане ки партофта шудааст, назар ба шавҳардор зиёдтаранд».

[28] Вале мо, эй бародарон, мисли Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем.

[29] Аммо чӣ тавре ки он вақт ба ҳасби ҷисм таваллудьёфта ба ҳасби Рӯҳ таваллудьёфтаро пеш мекард, алҳол низ ҳамон тавр аст.

[30] Аммо Навиштаҳо чӣ мегӯяд? «Каниз ва писари ӯро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос нахохад гирифт».

[31] Хуллас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем.

Номаи Павлус ба Ғалотиён — Chapters