[1] Эй ғалотиёни нофаҳм! Кӣ шуморо ба васваса андохт, ки аз ростӣ сар тобед, дар сурате ки пеши назари шумо Исои Масеҳи маслуб тасвир ёфтааст?
[2] Фақат инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё шумо Рӯҳро аз аъмоли шариат қабул кардаед, ё ки аз мавъизаи имон?
[3] Оё он қадар шумо нофаҳм ҳастед, ки бо Рӯҳ сар карда, алҳол бо ҷисм анҷом медиҳед?
[4] Оё бар абас ин қадар заҳмат кашидаед? Тасаввур намекунам.
[5] Пас, Он ки Рӯҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо мӯъҷизот ба амал меоварад, оё инро ба воситаи аъмоли шариат мекунад ё ки ба воситаи мавъизаи имон?
[6] Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
[7] Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд.
[8] Ва Навиштаҳо чун пешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: «Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост».
[9] Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,
[10] Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад».
[11] Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард.
[12] Аммо шариат аз имон нест, вале касе ки онро ба ҷо меоварад, бо он зиндагӣ хоҳад кард.
[13] Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, — зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст», —
[14] То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.
[15] Эй бародарон! Ба тариқи одамизод сухан меронам: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас ботил намекунад ва чизе ба он илова наменамояд.
[16] Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудааст. Нагуфтааст: «Ва ба наслҳои ту», гӯё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке: «Ва ба насли ту», ки он Масеҳ аст.
[17] Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқаррар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.
[18] Зеро, агар мерос аз рӯи шариат бошад, он дигар аз рӯи ваъда нахоҳад буд; аммо Худо онро аз рӯи ваъда ба Иброҳим ато намудааст.
[19] Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз боиси ҷиноятҳо дода шудааст, то вақти омадани Насле ки ваъда ба Ӯ дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармоиш карда шудааст.
[20] Аммо миёнарав назди як намешавад, вале Худо як аст.
[21] Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ба ҳеҷ сурат! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки қобили ҳаётбахшӣ бошад, адолат ҳақиқатан аз шариат мебуд;
[22] Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.
[23] Аммо пеш аз омадани имон зери дасти посбонии шариат банд будем, то даме ки имон мебоист зоҳир мешуд.
[24] Пас, шариат асокаши мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем;
[25] Аммо вақте ки имон омад, мо дигар зери дасти асокаш нестем.
[26] Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед;
[27] Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед.
[28] Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.
[29] Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда.