Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:43

[1] Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.

[2] Инак, ман, Павлус, ба шумо мегӯям: агар махтун мешуда бошед, Масеҳ ба шумо ҳеҷ нафъ намебахшад.

[3] Ва ман боз ба ҳар каси махтуншаванда шаҳодат медиҳам, ки ӯ бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад.

[4] Шумо, ки худро бо шариат сафед мекунед, аз Масеҳ ҷудо шудаед, аз файз маҳрум гардидаед.

[5] Зеро ки мо ба воситаи Рӯҳ аз имон мунтазири ҳамон адолатем, ки онро умедворем.

[6] Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.

[7] Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт?

[8] Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест.

[9] Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад.

[10] Ман ба шумо дар Худованд эътимод дорам, ки ҳеҷ фикри дигаре нахоҳед дошт, ва касе ки шуморо ба изтироб меандозад, ҳар кӣ бошад ҳам, маҳкум хоҳад шуд.

[11] Валекин, эй бародарон, агар ман ҳозир ҳам хатнаро мавъиза мекарда бошам, чаро ҳанӯз гирифтори таъқибот мешавам? Дар он сурат васвасаи салиб ботил мешуд‐ку!

[12] Кошки онҳое ки шуморо ба изтироб меандозанд, аз байн бурда мешуданд!

[13] Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.

[14] Зеро ки тамоми шариат аз як калима иборат аст, чунончи: «Ёратро мисли худат дӯст бидор».

[15] Аммо агар шумо якдигарро газида, мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед.

[16] Вале ман мегӯям: бар тибқи Рӯҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард;

[17] Зеро ки ҷисм хилофи Рӯҳро хоҳон аст, ва Рӯҳ — хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед.

[18] Лекин агар роҳнамоятон Рӯҳ бошад, зери дасти шариат нестед.

[19] Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур,

[20] Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо,

[21] Нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин; шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт.

[22] Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон,

[23] Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.

[24] Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд.

[25] Агар мо бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқи Рӯҳ рафтор ҳам кунем:

[26] Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.

Номаи Павлус ба Ғалотиён — Chapters